Моҳи октябр истеҳсоли барқ қариб 12% коҳиш ёфт

Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли равон истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар моҳи октябр қариб ба андозаи 12% коҳиш ёфт. Тибқи маълумоти гузориши «Низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷикистон», ки ҳар моҳ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ тибқи лоиҳаи Барномаи рушди СММ таҳия мешавад, моҳи октябри соли ҷорӣ ҳаҷми умумии […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли равон истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар моҳи октябр қариб ба андозаи 12% коҳиш ёфт.

Тибқи маълумоти гузориши «Низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷикистон», ки ҳар моҳ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ тибқи лоиҳаи Барномаи рушди СММ таҳия мешавад, моҳи октябри соли ҷорӣ ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 1 млрд. 248 млн. кВт/соатро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи сентябри ҳамин сол ба миқдори 45,6 млн. кВт/соат камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо моҳи октябри соли гузашта моҳи октябри соли ҷорӣ истеҳсоли барқ ба миқдори 84 млн. кВт/соат афзуда, ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ дар кишвар дар моҳи октябр ба 1,2 млрд. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи гузашта 2% камтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки моҳи октябри соли 2013 нерӯгоҳҳои барқии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» дар ҳаҷми 50 млн. кВт/соат ба кишвари ҳамсояи Афғонистон нерӯи барқ интиқол додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 млн. кВт/соат зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи октябр Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 30,2 млн. $ нерӯи барқ содирот намуд, ки нисбат ба моҳи октябри соли гузашта қариб 70% бештар мебошад.

Дар робита ба коҳиши маҷрои об ба обанбори нерӯгоҳи Норак, моҳи октябри соли равон дар минтақаҳои кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ шуд. Ахири моҳи октябри соли равон сатҳи об дар обанбори Норак 908,55 метр аз сатҳи баҳрро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи сентябри ҳамин сол 2,06 метр ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 0,03 метр поинтар буда, аз нишондиҳандаи «ҳаҷми ниҳоии ҳадди ақал» (857 метр) 51,55 метр болотар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.