Хатлон: Ҳукми зиндон ба ду нафар марзбонон

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ду нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2630-и нерӯҳои марзбонии ҷумҳуриро ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоир Искандаров хабар дод, моҳи майи соли равон хизматчии ҳарбии қисми низомӣ сержант Аббосзода Ҷонибеки Давлатбек тибқи маслиҳати пешакӣ бо ҳамхизматаш Ҷӯрабек Шаймонов сарбоз С.С.-ро мавриди […]

Сайраҳмон Назриев


Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ду нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2630-и нерӯҳои марзбонии ҷумҳуриро ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоир Искандаров хабар дод, моҳи майи соли равон хизматчии ҳарбии қисми низомӣ сержант Аббосзода Ҷонибеки Давлатбек тибқи маслиҳати пешакӣ бо ҳамхизматаш Ҷӯрабек Шаймонов сарбоз С.С.-ро мавриди лату кӯб қарор дода, нисбати ӯ ҳар гуна таҳқирро раво дидаанд.

Нисбати Аббосзода Ҷонибеки Давлатбек ва Ҷӯрабек Шаймонов прокуратураи ҳарбӣ мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «в»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуноҳи судшавандагон исбот шуд. Суд онҳоро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор эътироф карда, Аббосзода Ҷонибеки Давлатбекро ба 2 сол ва Ҷӯрабек Шаймоновро ба 1 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.