Буҷети соли ояндаи вилояти Суғд аз 1 млрд. сомонӣ зиёд мешавад

Буҷети вилояти Суғд дар соли 2014 беш аз 1 млрд. сомониро ташкил хоҳад дод. Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум,  баъди баррасии масъалаи мазкур  вакилон  буҷети  вилоятро барои соли 2014 бо афзоиши 24,8 дарсад  дар  ҳаҷми 1млрд. 38 миллион сомонӣ  тасдиқ намуданд. Ҳаҷми қисмати даромади буҷет дар соли оянда бидуни назардошти […]

Мавлуда Рафиева


Буҷети вилояти Суғд дар соли 2014 беш аз 1 млрд. сомониро ташкил хоҳад дод.

Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум,  баъди баррасии масъалаи мазкур  вакилон  буҷети  вилоятро барои соли 2014 бо афзоиши 24,8 дарсад  дар  ҳаҷми 1млрд. 38 миллион сомонӣ  тасдиқ намуданд.

Ҳаҷми қисмати даромади буҷет дар соли оянда бидуни назардошти андози иҷтимоӣ 1 млрд. 105 млн. сомониро ташкил хоҳад дод. Қисмати хароҷот дар ҳаҷми 1 млрд. 038 млн. сомонӣ пешбинӣ мегардад.

Раиси вилояти суғд Қоҳир Расулзода ба вакилон хотиррасон намуд, ки буҷети вилоят барои соли 2007  аз рӯи хароҷот ва даромад ҳамагӣ 149 миллион сомонӣ тасдиқ шуда буд.

Бори нахуст дар буҷети соли ояндаи вилояти Суғд барои рушди хоҷагии коммуналии шаҳру навоҳӣ ҷудо кардани маблағҳои назаррас пешбинӣ шудааст.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ҳамчунин дар бораи хусусигардонии иншооти моликияти коммуналӣ ва давлатӣ қарори дахлдор қабул намуда, масъалаи тағйири номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин, корхонаву муассисаҳо ва макотиби таҳсилоти умумӣ дар қаламрави вилоятро низ баррасӣ намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.