Бозори воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон тадриҷан густариш ёфта, соли равон натанҳо аз Қазоқистон, балки аз Русияву Туркманистон ва ҳатто Қирғизистон низ ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон 174 ҳазору 28,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108 ҳазор тонна зиёдтар аст.
«Кишвари пешсаф ҳамоно Қазоқистон боқӣ монда, ҳиссаи ин давлат дар бозори воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон 89,3% (бо нархи 590 $ барои 1 тонна), Русия – 8,5% (813 $ барои 1 тонна) ва Қирғизистон – 0,1% (569 $ барои 1 тонна)-ро ташкил дода, ҳаҷми боқимонда аз Туркманистон (650 $ барои 1 тонна) интиқол дода шудааст», – гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ ахиран гази моеъ ба алтернативаи бензин табдил ёфта, имрӯз қариб нисфи воситаҳои нақлиёт ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 107 ҳазору 726 тонна бензин ворид карда шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазору 617 тонна камтар буда, нархи миёнаи 1 тонна бензини воридшуда 981 $-ро ташкил додааст. Дар бозори дохилии чаканаи кишвар арзиши 1 литр гази моеъ ба ҳисоби миёна ба 3,70 сомонӣ ва 1 литр бензин ба 6,40 сомонӣ баробар аст.




