Баъди мулоқот бо намояндагони кишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон комиссари Аврупо оид ба рушд Андрис Пиебалгс изҳор намудааст, ки Иттиҳоди Аврупо баҳри таҳкими амният ва рушди ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷудо кардани 1 млрд. евро маблағ омода аст.
«Муддати 7 соли наздик мо омодаем, ки тадбирҳои таҳкими амният, пуштибонӣ аз демократия ва волоияти қонуну ҳуқуқро ба маблағи то 1 млрд. евро дастгирӣ намоем. Дар муқоиса бо чаҳорчӯби имрӯзаи молиявӣ ин маблағи хеле назаррас буда, вале мо бар ин назарем, ки нисбати барномаҳои амалкунанда дар минтақа аллакай таҷрибаи кофӣ андӯхтаем ва кишварҳои минтақаро зарур аст, ки вазифаҳои зиёдеро ба иҷро расонанд», – иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба гуфтаи Пиебалгс ба журналистон.
Комиссари Аврупо оид ба рушд гуфтааст, дар вохӯриҳои дуҷониба бо намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ соҳаҳои мушаххаси маблағгузорӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар баёнияи интишоршудаи Комиссияи Аврупо пас аз изҳороти Пиебалгс мушаххас мешавад, ки воситаҳо дар асоси қарордодҳои дуҷониба ба Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҷудо карда мешаванд. Қазоқистон низ тавассути самти ҳамкориҳои минтақавӣ, ки қисмате аз воситаҳо ба он низ равона мегардад, кӯмак гирифта метавонад.
Бино ба иттилои
Tppcenter.com
, Андрис Пиебалгс ҳамчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Миёнаро номбар кардааст. «То соли 2020 самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ «идоракунӣ», инкишофи «фарогир» ва устувор барои рушди инсонӣ хоҳад буд», – гуфтааст ӯ.
Хабаргузорӣ менависад, пас аз итмоми ҷаласаи корӣ комисари Иттиҳоди Аврупо бо ҳар кадоме аз намояндагони кишварҳои Осиёи Миёна мулоқот анҷом дода, самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи рушдро баррасӣ намудааст.





