Омодагии ИА ба ихтисоси 1 млрд. евро баҳри рушди кишварҳои ОМ

Баъди мулоқот бо намояндагони кишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон комиссари Аврупо оид ба рушд Андрис Пиебалгс изҳор намудааст, ки Иттиҳоди Аврупо баҳри таҳкими амният ва рушди ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷудо кардани 1 млрд. евро маблағ омода аст. «Муддати 7 соли наздик мо омодаем, ки тадбирҳои таҳкими амният, пуштибонӣ аз демократия […]

ASIA-Plus


Баъди мулоқот бо намояндагони кишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон комиссари Аврупо оид ба рушд Андрис Пиебалгс изҳор намудааст, ки Иттиҳоди Аврупо баҳри таҳкими амният ва рушди ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷудо кардани 1 млрд. евро маблағ омода аст.

«Муддати 7 соли наздик мо омодаем, ки тадбирҳои таҳкими амният, пуштибонӣ аз демократия ва волоияти қонуну ҳуқуқро ба маблағи то 1 млрд. евро дастгирӣ намоем. Дар муқоиса бо чаҳорчӯби имрӯзаи молиявӣ ин маблағи хеле назаррас буда, вале мо бар ин назарем, ки нисбати барномаҳои амалкунанда дар минтақа аллакай таҷрибаи кофӣ андӯхтаем ва кишварҳои минтақаро зарур аст, ки вазифаҳои зиёдеро ба иҷро расонанд», – иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба гуфтаи Пиебалгс ба журналистон.

Комиссари Аврупо оид ба рушд гуфтааст, дар вохӯриҳои дуҷониба бо намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ соҳаҳои мушаххаси маблағгузорӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар баёнияи интишоршудаи Комиссияи Аврупо пас аз изҳороти Пиебалгс мушаххас мешавад, ки воситаҳо дар асоси қарордодҳои дуҷониба ба Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҷудо карда мешаванд. Қазоқистон низ тавассути самти ҳамкориҳои минтақавӣ, ки қисмате аз воситаҳо ба он низ равона мегардад, кӯмак гирифта метавонад.

Бино ба иттилои

Tppcenter.com

, Андрис Пиебалгс ҳамчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Миёнаро номбар кардааст. «То соли 2020 самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ «идоракунӣ», инкишофи «фарогир» ва устувор барои рушди инсонӣ хоҳад буд», – гуфтааст ӯ.

Хабаргузорӣ менависад, пас аз итмоми ҷаласаи корӣ комисари Иттиҳоди Аврупо бо ҳар кадоме аз намояндагони кишварҳои Осиёи Миёна мулоқот анҷом дода, самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи рушдро баррасӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.