Вохӯрии мақомоти зиддимухаддиротии як қатор кишварҳо дар Душанбе

Рӯзи 20-уми ноябри   соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия  Р. Назаров бо Мушовири калони  барномаи Бюро  оид ба назорати маводи нашъаовар и таъминоти ҳуқуқии назди Департаменти  Давлатии ШМА ҷаноби Ҷеймс Каллахан баргузор гардид. Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, мақсади вохӯрии мазкур аз […]

ASIA-Plus


Рӯзи 20-уми ноябри   соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия  Р. Назаров бо Мушовири калони  барномаи Бюро  оид ба назорати маводи нашъаовар и таъминоти ҳуқуқии назди Департаменти  Давлатии ШМА ҷаноби Ҷеймс Каллахан баргузор гардид.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, мақсади вохӯрии мазкур аз муҳокимаи масъалаи марбут ба расонидани ёрӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати ШМА ҷиҳати мубориза дар самти гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар иборат буд. Дар вохӯрӣ ҷараёни татбиқи Лоиҳаи РСММ AD/TAJ/03/H03 “Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) – фазаи III» ва рушди минбаъдаи он дар самти мубориза бо маводи нашъаовар муҳокима гардид. Ҷаноби   Каллахан   ба фаъолияти Агентӣ баҳои баланд дода, роҳбари Агентиро ба муносибати қабули қарори РСММ ҷиҳати идома додани лоиҳаи мазкур  то соли 2016 табрик намуд.

Дар баробари ин, роҳбари Агентӣ  дар бораи  фаъолияти Маркази таълимӣ оид ба тайёр кардани кинологҳо ва парвариши сагҳои хизматӣ, ки дар он на танҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари мо, балки кормандони мақомоти зиддимухаддиротии ҶИА малака ва донишҳои омӯхтаи хешро такмил медиҳанд, муфассал нақл кард.

Дар доираи вохӯрӣ инчунин масъалаҳои идома додани фаъолияти афсарони алоқаи Агентӣ дар ҶИА ҳаллу фасл гардиданд. Роҳбари АНМН ҶТ ба ҷаноби Каллахан дар бораи ташаббуси Тоҷикистон оид ба ташкили вохӯрии ғайрирасмии вазирон/роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Покистон, Хитой, Америка, Туркия ва Россия, инчунин Иттиҳоди Аврупо дар мавзӯи муқовимат бо гардиши маводи нашъадор, арзёбӣ ва рушди минбаъдаи вазъи мухаддиротӣ, ки охири моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумоти муфассал дод.

«Мо мехоҳем дар ин вохӯрӣ ҳамкасбонамонро аз Афғонистон гӯш кунем, ба онҳо имконият диҳем мавқеашонро муайян намоянд, ба кадом дастовардҳо ноил гаштаанд, дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар чӣ нақша доранд, инчунин пешгӯии онҳоро дар бораи рушди вазъи нашъамандӣ дар солҳои 2014-2015 фаҳмем»- қайд кард Р. Назаров.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байни ҶТ ва ШМА дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар табодули назар карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.