Дар Исфара Форуми сармоягузорӣ доир мегардад

Имрӯз дар вилояти Суғд таҳти унвони «Форуми сармоягузории рушди шаҳри Исфара» як чорабинӣ доир мегардад, ки аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Барномаи рушди СММ ва ЮНИСЕФ созмон дода мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти суғд, форум бо мақсади иҷрои  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии […]

Мавлуда Рафиева


Имрӯз дар вилояти Суғд таҳти унвони «Форуми сармоягузории рушди шаҳри Исфара» як чорабинӣ доир мегардад, ки аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Барномаи рушди СММ ва ЮНИСЕФ созмон дода мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти суғд, форум бо мақсади иҷрои  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» доир мешавад.

Ба барнома 338 лоиҳа ворид гардида, маблағи умумии он наздик ба 1,5 миллиард сомонӣ мебошад.  Лоиҳаҳо асосан ба бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зисту ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра рабт доранд.

Аз ҷумла, 38 лоиҳа ба маблағи 137,6 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 152 лоиҳа ба маблағи 209,8 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ,  106 лоиҳа ба маблағи 1 милларду 94 миллион сомонӣ ба бахши инфрасохтор ва 34 лоиҳа ба маблағи 23,4 миллион сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда тааллуқ дорад.

Дар кори ҳамоиш беш аз 100 нафар соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, 25 созмони хориҷӣ, роҳбарони вазорату идорахои дахлдори ҷумҳурӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат хоҳанд варзид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.