Волидайни Ҳамза Икромзода аз Рустам Тоштемиров ва ҳамҷавобгарон $10 млн. ҷуброни маънавӣ мехоҳанд

Рустам Тоштемиров ва  ҳ ам ҷ авобгарон  аз додани 10 миллион доллари амрикоӣ барои ҷуброни зарари маънавӣ ба волидайни Ҳамза Икромзода, ки бар асари шиканҷа дар маҳбасхонаи №1-и пойтахт ба ҳалокат расидааст, сарпечӣ мекунанд. Тавре Файзали Икромзода падари фавтида ба Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт, пас аз марги Ҳамза Икромзода бар асари асабоният чашҳояш хира шуда, ҳамсараш […]

Мавзуна Абдуллоева


Рустам Тоштемиров ва 


ҳ


ам


ҷ


авобгарон 


аз додани 10 миллион доллари амрикоӣ барои ҷуброни зарари маънавӣ ба волидайни Ҳамза Икромзода, ки бар асари шиканҷа дар маҳбасхонаи №1-и пойтахт ба ҳалокат расидааст, сарпечӣ мекунанд.

Тавре Файзали Икромзода падари фавтида ба Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт, пас аз марги Ҳамза Икромзода бар асари асабоният чашҳояш хира шуда, ҳамсараш аз баландии фишори хун доим азият мекашад.

Аммо дар рафти мурофиаи судӣ 21-уми ноябр вакили дифоъи Рустам Тоштемиров ва 

ҳ


ам


ҷ


авобгарон 


гуфт, ки даъвои ҷуброни маънавии волидайни Ҳамза Икромзодаро қабул надорад, чунки т


иб


қ


и 


қ


онун гуна


ҳ


гор аллакай зиндон


ӣ


 шуд ва мутоби


қ


и 


қ


арори 


қ


аблии суд, марги Икромзода 


ҳ


амоно худкуш


ӣ дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, моҳи майи соли ҷорӣ суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корманди муассисаи ислоҳии Я/С 3/1-и шаҳри Душанбе Маҳмуд Исмоиловро, ки дар парвандаи марги маҳбус Ҳамза Икромзода гунаҳкор эътироф шуд, ба 5,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Аммо наздикони Ҳ.Икромзода бо мазмуни ҳалнома қатъиян розӣ нашуданд, зеро дар он зикр мегардад, ки ҳарчанд Исмоилов Ҳамзаро бидуни таҳияи аснод дар ҳуҷраи ҷаримавӣ баставу дар лату кӯби ӯ даст дошта бошад ҳам, бо ин ҳама сабаби марги маҳбус худашро ба дор овехтан арзёбӣ мешавад.

Маҳмуд Исмоилов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 316, қ 3-и КҶ ҶТ (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) гунаҳкор дониста шуд. Нисбати се нафар ҳамкорони ӯ – Рустам Тоштемиров, Шерафган Сафаров ва Нарзулло Афғонов тафтишоти пешакӣ идома дорад. Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.

Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ.Икромзода бо натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд нестанд. 

https://www.youtube.com/watch?v=QW8wG07UfvA

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.