Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Латвия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш дар робита ба хароб шудани як маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Рига, ки ба ҳалокати даҳҳо нафар оварда расонид, барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷумла зикр мегардад, ки «аз хабари хароб шудани […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш дар робита ба хароб шудани як маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Рига, ки ба ҳалокати даҳҳо нафар оварда расонид, барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷумла зикр мегардад, ки «аз хабари хароб шудани як маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Рига ва ҳалокати даҳҳо нафар ниҳоят андӯҳгин шудам ва орзумандам, ки осебдидагони ин фоҷиа ҳар чӣ зудтар шифои комил ёбанд».

Бино ба маълумоти ахири Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва наҷотдиҳии Латвия, шумори ҳалокшудагон бар асари хароб шудани бинои маркзи тиҷоратии Maxima дар шаҳри Рига то 53 нафар расида, ҳамчунин 40 нафари дигар осеб дида, 29 тан аз онҳо дар бемористон бистарианд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.