Дар Душанбе гуфтушуниди расмии Э.Раҳмон ва Д.Медведев доир мегардад

Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни боздиди расмии президенти Русия Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон шаш санад ба имзо мерасад. Мувофиқи барнома, боздиди расмӣ аз маросими гулчанбаргузорӣ зери пояи асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, сипас дар «Кохи Миллат» идома меёбад. Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия нахуст дар шакли «як ба як» […]

Виктория Наумова


Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни боздиди расмии президенти Русия Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон шаш санад ба имзо мерасад.




Мувофиқи барнома, боздиди расмӣ аз маросими гулчанбаргузорӣ зери пояи асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, сипас дар «Кохи Миллат» идома меёбад.



Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия нахуст дар шакли «як ба як» мулоқот намуда, сипас гуфтушунидҳои васеи ҳайъатҳои расмии ду кишвар баргузор мешавад.



Роҳбари Департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид шаш санад ба имзо хоҳад расид. Сарони кишварҳо ҳамчунин зери Изҳороти муштарак низ имзо хоҳанд гузошт.



Ғайр аз ин, ҳамчунин як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба ҳифзи муштараки натиҷаҳои фаъолияти зеҳнии бадастомада зимни ҳамкориҳои техникиву низомӣ ва истифодаи он, Созишномаи вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ, Созишномаи ҳамкории вазоратҳои кишоварзии кишварҳо, Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба таъсис ва роҳандозии фаъолияти Маркази таҳқиқотии «Помир-Чақалтай» низ ба имзо хоҳанд расид.



Тибқи барномаи сафари президенти Русия

 

боздиди ӯ аз пойгоҳи низомии 201-уми Вазорати дифои Русия, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, сурат мегирад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.