Нақшаи ҷамъоварии пахта 96,3% иҷро шуд

То имрӯз хоҷагиҳои пахтакори кишвар ҳудуди 392 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ намуданд, ки 96,3%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, кишоварзони вилояти Хатлон аллакай то ахири моҳи октябр зиёда аз 270 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварда, аз уҳдаи иҷрои нақша баромада буданд. Ба иттилои манбаъ, то имрӯз […]

Заррина Эргашева


То имрӯз хоҷагиҳои пахтакори кишвар ҳудуди 392 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ намуданд, ки 96,3%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, кишоварзони вилояти Хатлон аллакай то ахири моҳи октябр зиёда аз 270 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварда, аз уҳдаи иҷрои нақша баромада буданд.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар вилояти Суғд 107 ҳазор тонна ё худ 95%-и нақша ва дар навоҳии тобеи марказ 11,4 ҳазор тонна ё худ ҳамагӣ 48%-и нақша ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар Тоҷикистон имсол дар майдони 192 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии беш аз 406 ҳазор тонна ҳосил дар назар аст. Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд. Аз ин миқдор дар корхонаҳои ресандагиву бофандагии кишвар беш аз 10,2 ҳазор тонна пахта коркард шуд, ки ҳамагӣ 7,7% аз ҳаҷми умумии ҳосили ҷамъовардаро ташкил медиҳад.

Чун солҳои пешин имрӯз пахта ҳиссаи асосии маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро ташкил намедиҳад. Масалан, дар моҳи сентябри соли равон Тоҷикистон ҳамагӣ 6 ҳазору 42,2 тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар содирот кардааст, ки маблаги умумиаш ба 10 ҳазору 543,5 доллари ИМА баробар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.