Сафари аввали нахуствазири тозатаъин ба Тошканд сурат мегирад

Сафари аввалини нахуствазири тозатаъини Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 28-уми ноябр ба шаҳри Тошканд – пойтахти кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон сурат мегирад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар Тошканд ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии нахуствазир дар кори ҷаласаи 12-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (28-29-уми ноябр) ширкат меварзад. «Дар […]


Сафари аввалини нахуствазири тозатаъини Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 28-уми ноябр ба шаҳри Тошканд – пойтахти кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон сурат мегирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар Тошканд ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии нахуствазир дар кори ҷаласаи 12-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (28-29-уми ноябр) ширкат меварзад.

«Дар ҷаласаи мазкур имзои созишнома миёни ҳукуматҳои аъзои созмон дар бораи фароҳам сохтани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байнулмилалӣ тариқи роҳи автомобилӣ дар назар аст», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, дар рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин баррасии ҳисоботи Котиботи СҲШ дар бораи ҷараёни амалисозии Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодии кишварҳои узви СҲШ низ зикр гардидааст.

«Расулзода ва ҳайати ҳамроҳи ӯ на тариқи хатсайри алоҳида (чартер)-и ҳавопаймоӣ, балки тавассути шаҳри Хуҷанд бо воситаи нақлиёти автомобилӣ ба Тошканд мераванд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.