IFC модели бюрои қарзии Тоҷикистонро дар дигар кишварҳо истифода карданист

Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) имкони истифодаи модели Бюрои қарзӣ-иттилоотии Тоҷикистон дар дигар кишварҳоро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додааст. «Бюрои мазкур аввалин бюрои қарзии хусусӣ дар минтақа буда, бар ин назарам, ки ин моделро ҷиҳати таъсиси ба ин монанд ташклотҳо дар кишварҳои дигар метавон истифода намуд», – иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» […]


Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) имкони истифодаи модели Бюрои қарзӣ-иттилоотии Тоҷикистон дар дигар кишварҳоро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додааст.

«Бюрои мазкур аввалин бюрои қарзии хусусӣ дар минтақа буда, бар ин назарам, ки ин моделро ҷиҳати таъсиси ба ин монанд ташклотҳо дар кишварҳои дигар метавон истифода намуд», – иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори IFC оид ба бозорҳои молиявӣ дар Аврупо, Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ Офтоб Аҳмад.

Ӯ зикр кард, ки Бюрои қарзӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси IFC ба хотири беҳбуди фаъолияти зербинои молиявӣ ва низоми хизматгузориҳои бонкӣ таъсис дода шуд. «Бюрои қарзӣ як қисмати муҳими зербинои молиявӣ буда, ба ниҳодҳои молиявӣ ҷиҳати соддагардонии механизмҳои пешниҳоди қарз ва роҳандозии таҷрибаи бештар масъули қарздиҳӣ кӯмаку мусоидат мекунад», – таъкид дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли равон дар Тоҷикистон Бюрои қарзӣ-иттилоотӣ расман ифтитоҳ гардид. Бюро бо мусоидати IFC дар доираи лоиҳаи таҳкими зербинои молиявии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон таъсис дода шуда, санаи 12-уми декабри соли 2012 мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи таърихи қарз» иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро дастрас кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.