М.Аҳмадинажод таъсиси бонк ва арзи ягонаи СҲШ-ро пешниҳод сохт

            Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод пешниҳод сохт, ки ҳамаи ҳисобу китоби мутақобила миёни кишварҳои СҲШ бо арзи кишварҳои минтақа сурат гиранд. Ба назари ӯ, дар ин сурат аксари захоири арзии кишварҳо ҳифз гардида, тақвият хоҳанд ёфт.             […]

Далер Ғуфронов



           

Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод пешниҳод сохт, ки ҳамаи ҳисобу китоби мутақобила миёни кишварҳои СҲШ бо арзи кишварҳои минтақа сурат гиранд. Ба назари ӯ, дар ин сурат аксари захоири арзии кишварҳо ҳифз гардида, тақвият хоҳанд ёфт.





           

«Кишварҳои созмон бояд ҷиҳати таъсиси арзи ягона дар чаҳорчӯбаи муомилоти молии кишварҳои узв чораҳо андешанд», – гуфт сарвари давлати Эрон ва афзуд, ки ҳамчунин бобати ташкил кардани бонки ягонаи созмон низ бояд иқдомот сурат бигирад.




           

М.Аҳмадинажод зикр кард, ки дар чаҳорчӯбаи роҳандозии муносиботи ҳамкории дарозмуддат дар дохили созмон таъсиси мақомоти доварӣ дар созмон низ мувофиқи мақсад аст.




           

Дар суханрониаш президенти Эрон зарурати пиёда кардани муносиботи зичу густардаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақаро қайд карда, таъкид сохт, ки «бархе аз нерӯҳо барои рушди созанда ва мукаммали ҳамкориҳои мутақобила миёни давлатҳои созмон монеъаҳои сунъӣ эҷод мекунанд».




           

Президенти Эрон ҳамчунин баён дошт, ки дар сурати ҳалли мусолиматомези вазъи ноором дар минтақа ва ҷаҳон ва мушкилоти мавҷудаи имрӯза, СҲШ имкон дорад, ки мақому нуфузи худро дар арсаи байнулмилалӣ бамаротиб баландтар созад. «СҲШ метавонад алайҳи ҳалли низоъ тавассути зӯроварӣ зиддият намояд», – гуфт ӯ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.