Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баҳри поси хотири қурбониёни муҳосираи шаҳри Ленинград аз оромгоҳи Пискарёвои шаҳри Санкт-Петербург боздид намуд.
Дар шаҳри Санкт-Петербург раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар кори ҷаласаи навбатии Шӯро ва иҷлосияи 39-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви СААД ширкат меварзад.
Котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Санкт-Петербург ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта аъзои ҳайати парлумонӣ вакилон Маҳмадалӣ Ватанов, Саид Ёқубзод, Маҳмадшариф Ҳақдодов ва Амирхон Сафаров дар кори комиссияҳои дахлдори Ассамблеяҳои байнипарлумонии ИДМ ва СААД иштирок карданд.
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон имрӯз ҳамчунин дар конфронси байнулмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Қонунгузории кишварҳои узви СААД дар бахши таъмини амнияти иттилоотӣ: таҷриба, мушкилот ва дурнамои ҳамоҳангсозӣ» низ ҳузур хоҳад дошт.



