Адвокатҳои Зайд Саидов пазироии президентро дархост доранд

Адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов бо дархости қабули онҳо аз ҷониби президент ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуданд, то ки ба президент дар бораи ҷузъиёти қонуншиканиҳову сохтакориҳо дар парвандаи ҷиноӣ нисбати зерҳимояашон бештар маълумот диҳанд. Дар зери муроҷиати интишоршуда ҳарсе адвокатҳои Зайд Саидов – Фахриддин Зокиров, Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов имзо гузоштаанд. «Мо дигар […]

ASIA-Plus


Адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов бо дархости қабули онҳо аз ҷониби президент ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуданд, то ки ба президент дар бораи ҷузъиёти қонуншиканиҳову сохтакориҳо дар парвандаи ҷиноӣ нисбати зерҳимояашон бештар маълумот диҳанд.

Дар зери муроҷиати интишоршуда ҳарсе адвокатҳои Зайд Саидов – Фахриддин Зокиров, Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов имзо гузоштаанд.

«Мо дигар илоҷе ба ҷуз вохӯрӣ бо шуморо намебинем, зеро бовар дорем, ки яке аз сабабҳои ин вазъи ногувор дар он ифода меёбад, ки сохторҳои дахлдор кӯшиши аз шумо пинҳон нигоҳ доштани воқеъияти тафтиши парвандаро доранд», – мегӯянд адвоактҳо дар муроҷиати худ, ки дар он далелҳои риоя нагардидани Конститутсия ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ зимни тафтиши парвандаи ҷиноӣ зикр шудааст.

«Дар маҷмӯъ сари қонуншиканиҳо, поймол гардидани ҳуқуқҳои зерҳимояи мо ва якҷониба ҷараён гирифтани тафтиш сухан меравад. Моҳияти ин мавқеъ на дар дарёфти ҳақиқат, балки дар он ифода мегардад, ки Зайд Саидовро мавриди туҳмат қарор дода, айбномаҳои вазнинро ба сари ӯ бор карданианд», – изҳор мекунанд адвокатҳо.

Ба сифати намуна ҳимоягарон далелҳои ҳанӯз қабл аз оғози тафтиши парванда паҳн гардидани китобчаҳои тӯҳматомез ба унвони Зайд Саидов, барномаҳои телевизионӣ дар шабакаҳои давлатии телевизион бо ҳамин мазмун аз ҷониби Агентии зиддифасодро мисол меоранд.

Ҳамчунин онҳо бо айбномаҳои марбут ба таҷовуз ба номус нисбати зерҳимояашон розӣ нестанд. Ба андешаи онҳо, «ин як айбномаи холӣ аст», хулосаи ташхиси ДНК бошад, аз ҷониби худи муфаттишон сохтакорӣ шудааст, зеро

озмоишгоҳи «БиоПапа»-и Маскав

эҳтимоли падар будани Зайд Саидовро, ки гӯё соҳибкор даст ба таҷовузи номуси ӯ задааст, тасдиқ накард.

Дар ҳамин ҳол, Фирӯз Холмуродов, роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ оид ба парвандаи Зайд Саидов мегӯяд, дар хулосаи аввали ташхиси ДНК, ки эҳтимоли падарии соҳибкорро тасдиқ мекунаду модараш ӯро ба таҷовуз ба номус айбдор кард,

сохтакорӣ ҷой надорад.

Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.