Чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 19-умин солгарди таъсиси ҲХДТ

Рӯзи 10-уми декабри соли равон ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 19 сол пур мешавад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, бо мақсади дар сатҳи баланд ва хотирмон ҷашн гирифтани ин сана бо ҷалби аъзо, ҷонибдорон ва ташкилотҳои ибтидоӣ тибқи дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як зумра […]

ASIA-Plus


Рӯзи 10-уми декабри соли равон ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 19 сол пур мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, бо мақсади дар сатҳи баланд ва хотирмон ҷашн гирифтани ин сана бо ҷалби аъзо, ҷонибдорон ва ташкилотҳои ибтидоӣ тибқи дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як зумра чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ ва илмиву фарҳангӣ доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, инчунин оид ба таърихи таъсисёбии ҳизб ва дастоварду муваффақиятҳои он дар давоми мавҷудият маводҳо нашр мешаванд, ки дастраси аъзоён мегарданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон, барои дар сатҳи назаррас қайд намудани 20-солагии ҲХДТ, ки 10-уми декабри соли 2014 баргузории он дар назар аст, кумитаҳои тадорукот таъсис намуда, нақшаи чорабиниҳои мушаххас оид ба баргузории ин сана таҳия ва амалӣ менамоянд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 235 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҳамин ҳизбанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.