Раиси вилояти Суғд намояндагони БҶ-ро ба ҳузур пазируфт

Нимаи ҳафтаи равон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳониро бо роҳбарии хонум Кордулой Растоҷӣ ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, зимни сӯҳбат Кордулой Растоҷӣ Абдураҳмон Қодириро ба муносибати иҷрокунандаи вазифаи раиси яке аз калонтарин вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданаш табрик намуда, ҳадафи ташрифи худро ба вилоят […]

ASIA-Plus


Нимаи ҳафтаи равон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳониро бо роҳбарии хонум Кордулой Растоҷӣ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, зимни сӯҳбат Кордулой Растоҷӣ Абдураҳмон Қодириро ба муносибати иҷрокунандаи вазифаи раиси яке аз калонтарин вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданаш табрик намуда, ҳадафи ташрифи худро ба вилоят мушаххас кардани консепсияи лоиҳаи пешбинишавандаи «Рушди иртибототи роҳӣ дар Осиёи Марказӣ» унвон кард.

Ҳини мулоқот ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ҳадафҳои асосии лоиҳа, рукнҳои он ва намудҳои фаъолиятро дар доираи лоиҳаи пешбинишаванда, аз ҷумла дар қаламрави вилояти Суғд иброз намуданд.

Ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар ин замина изҳори омодагӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар ҷараёни корҳои ибтидоӣ механизми маблағгузорӣ, ҳаҷми кор ва таъсири ин лоиҳа ба рушди иқтисоди маҳал баррасӣ карда мешавад.

Дар охир Абдураҳмон Қодирӣ изҳор намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ҳамкориҳои минбаъда бо Бонки Ҷаҳонӣ омода аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.