Президенти Украина Виктор Янукович сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюкро ҳамзамон сафири ин кишвар дар Афғонистон низ таъин кард.
Дар сомонаи расмии сарвари давлатии Украина хабар дода мешавад, ки рӯзи 6-уми декабр дар ин бора фармони дахлдори В.Янукович ба имзо расидааст.
Қаблан ба ҳайси сафири Украина дар Афғонистон Валентин Шевалев фаъолият дошт, ки бо фармони сарвари давлати Украина аз мансаб сабукдӯш гардид.
Қобили зикр аст, ки муноисбатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Украина 24-уми апрели соли 1992 роҳандозӣ шуданд. Аз соли 1999 дар шаҳри Киев Намояндагии савдои Тоҷикистон фаъолият дошта, моҳи декабри соли 2010 дар пойтахти Украина сафоратхонаи Тоҷикистон боз шуд. Сафири феълии Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов мебошад.
Зимни сафари расмии президенти Украина Виктор Юшенко ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2008 ҷонибҳо дар бораи ифтитоҳи намояндагиҳои дипломатӣ ва марказҳои фарҳанг дар назди онҳо ба мувофиқа расида буданд.



