Кӯлоб: Эҳтимоли 12 сол тӯл кашидани сохтмони манзили зисти 5-ошёна

Сохтмони манзили зисти 5-ошёна, ки барои нахустин бор дар шаҳри Кӯлоб пас аз ба даст овардани истиқлолият шурӯъ шуд, метавонад ба муддати 12 сол тӯл кашад. Майдони сохтмони ин бино дар микрорайони Борбад воқеъ буда, корҳои сохтмони он аз соли 2012 аз воситаҳои буҷети вилояти Хатлон ба иҷро мерасанд. Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Нуриддин Бозоров ба […]

Турко Дикаев


Сохтмони манзили зисти 5-ошёна, ки барои нахустин бор дар шаҳри Кӯлоб пас аз ба даст овардани истиқлолият шурӯъ шуд, метавонад ба муддати 12 сол тӯл кашад.

Майдони сохтмони ин бино дар микрорайони Борбад воқеъ буда, корҳои сохтмони он аз соли 2012 аз воситаҳои буҷети вилояти Хатлон ба иҷро мерасанд.

Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Нуриддин Бозоров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки арзиши лоиҳавии сохтмони иншоот феълан 6,7 млн. сомонӣ арзёбӣ шуда, вале бо гузашти вақт болоравии ин маблағ низ аз эҳтимол дур нест, зеро нархи масолеҳи сохтмон ҳамасола рӯ ба афзоиш мениҳад.

Дар маҳалли сохтмони мутахассисон суръати хеле пасти ҷараёни сохтмони биноро ба тарзи нофаҳмои маблағгузории иншоот рабт доданд. «Соли аввал 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карданд, ки барои бунёди таҳхона ва таҳкурсии бино масраф шуда, имсол 700 ҳазор сомонӣ маблағ ваъда доданд, вале то ҳанӯз 200 ҳазор сомонии он ба мо нарасидааст ва бо маблағи ҷудошуда мо тавонистем танҳо як қисмате аз деворҳои биноро созем», – гуфтанд онҳо ва илова намуданд, ки боз лозим меояд, ки то расидани ҳаҷми боқимондаи маблағ сохтмони иншоот мавқуф гузошта шавад.

Дар ҳамин ҳол, масъалаи таъмини сокинони сол то сол афзояндаи шаҳри Кӯлоб бо манзили зист ба яке аз мушкилоти рӯзмарра табдил меёбад. Имрӯз танҳо барои соҳиб шудан ба қитъаи замин ҷиҳати сохтмони манзили зисти инфиродӣ  на камтар аз 4 ҳазор нафар сокинони шаҳр дар навбат мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.