Истеъфои писари муассиси ҲНИТ аз мансаби раиси бахши ҳизб дар пойтахт

Писарбузурги Саид Абуллоҳи Нурӣ, муассиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – Муҳаммадҷон Нурӣ вазифаи раиси бахши ҳизб дар шаҳри Душанберо ба узви ҳизб Қиёмиддин Авазов супурд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, рӯзи 6-уми декабр дар конфронси ҳисоботиву интихоботии бахши ҲНИТ дар Душанбе Қиёмиддин Авазов раис ва Мустафо Ҳоҷизода роҳбари комиссия  тафтишотии ин […]

Меҳрангез Турсунзода


Писарбузурги Саид Абуллоҳи Нурӣ, муассиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – Муҳаммадҷон Нурӣ вазифаи раиси бахши ҳизб дар шаҳри Душанберо ба узви ҳизб Қиёмиддин Авазов супурд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, рӯзи 6-уми декабр дар конфронси ҳисоботиву интихоботии бахши ҲНИТ дар Душанбе Қиёмиддин Авазов раис ва Мустафо Ҳоҷизода роҳбари комиссия  тафтишотии ин бахш интихоб шудааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 26 октябри соли 1991 таъсис ва дар моҳи декабри ҳамон сол расман сабти ном шуд. Дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992 -1997 дар Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ якҷо бо ҳизби демукрот ва созмони “Лаъли Бадахшон” алайҳи давлати вақти кумунистӣ сангар гирифта буд.

Дар авоили соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ кард. Пас аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1997 шароит барои бозгашти аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ба кишвар фароҳам шуд ва дар моҳи августи соли 1999 ин ҳизб дубора ба расмият шинохта шуд.

Он замон Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон дар анҷумани ҳизби наҳзати исломӣ ба раҳбарии ин ҳизб интихоб шуд. Ба дунболи фавти Абдуллоҳи Нурӣ дар 9 августи соли 2006 раҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Муҳиддин Кабирӣ вогузор шуд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – яке аз ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва ягона ҳизби исломии қонунӣ сабтиномшуда дар Осиёи Миёна мебошад. Раиси феълии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аст. Ҳафтаномаи «Наҷот» ва маҷаллаи «Сафинаи умед» аз ҷумлаи нашрияҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Сомонаи расмии ҳизб бо суроғаи

www.nahzat.tj

низ фаъол аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.