Нигаронии раиси нави Хатлон аз «беназоратӣ»-и лоиҳаҳо дар минтақа


Раиси тозатаъини вилояти Хатлон Давлатшо Гулмамадов супориш дод, ки тамоми лоиҳаҳои дар қаламрави минтақа мавриди амал қарордошта таҳти назорат гирифта шаванд.

Дар вохӯрии имрӯза бо фаъолони ноҳияи Бохтар ӯ изҳор намуд, ки дар бораи тамоми лоиҳаҳои дар ин ноҳияи татбиқшаванда саривақт огаҳ шудааст.

«Онҳо бояд таҳти назорат қарор дошта бошанд, зеро лоиҳаҳое мавҷуданд, ки гӯиё татбиқ шудаанд, вале дар амал оид ба ин лоҳаҳо коре ба сомон расонида нашудааст, – иброз дошт раиси вилоят ва ишора кард, ки ин гуна ҳолатҳо дар бахшҳои маорифу тандурустии минтақа ба мушоҳида мерасанд.

Ӯ дар бораи шумори мушаххаси лоиҳаҳои айни замон дар ноҳияи Бохтар амалишаванда маълумот надода, ягон лоиҳаи мушаххасеро ҳам номбар накард, ки дар гуфтаҳои болояш ба он ишора карда буд ва супоришҳо бо суханони умумӣ сурат гирифтанд.

Собиқ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмамадов санаи 27-уми ноябр ба ҷойи Ғайбулло Афзал, ки ба нафақа баромад, ба вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Давлатшо Гулмамадов соли 1961 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии об ва мелиоратсияи Тошканд мебошад. То таъин ба мансаби раиси шаҳри Турсунзода дар соли 2010, ба ҳайси муовини раиси вилояти Суғд ифои вазифа мекард. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ аст.

spot_imgspot_img

Популярное