БҶ: Низоми молияи Тоҷикистон ба буҳронҳо осебпазир аст

Дар гузориши ахир оид ба Барномаи шарикии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Тоҷикистон зикр мегардад, ки низоми молияи Тоҷикистон ба буҳронҳои минбаъда осебпазир аст. «Санҷиши устувории бахши бонкии ҷумҳурӣ ба буҳронҳо нишон дод, ки ҷиҳати таҳкими вазъи сармоя, беҳбуди низомҳои идоракунии бонкӣ ва хатарҳо, таҷрибаи ҳисоботдиҳӣ ва ҳамчунин бартараф намудани вобастагӣ аз Бонки миллии кишвар […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар гузориши ахир оид ба Барномаи шарикии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Тоҷикистон зикр мегардад, ки низоми молияи Тоҷикистон ба буҳронҳои минбаъда осебпазир аст.

«Санҷиши устувории бахши бонкии ҷумҳурӣ ба буҳронҳо нишон дод, ки ҷиҳати таҳкими вазъи сармоя, беҳбуди низомҳои идоракунии бонкӣ ва хатарҳо, таҷрибаи ҳисоботдиҳӣ ва ҳамчунин бартараф намудани вобастагӣ аз Бонки миллии кишвар дар соҳаи дастгирии бозоргирӣ кӯшишҳои минбаъда заруранд», – изҳор мекунанд муаллифони гузориш.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ таъкид месозанд, ки нишондиҳандаҳои табдил ба сармоя ва даромаднокии бахши бонкии Тоҷикистон шояд аз будаш зиёд нишон дода шуда, бонкҳо бо мушкилоти бозоргирӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва сарфи назар аз афзоиши босуръати даромади соф дар зарфи 6 моҳи соли равон, ки ба 21,2 млн. $ расидааст, сатҳи даромаднокӣ паст боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, бинобар сабаби номутобиқатии муҳлатҳои пардохти дороиҳо ва пассивҳо бонкҳои Тоҷикистон ба камбуди бозоргирӣ дучор гардида, бештар ба қарзҳо аз ҷониби Боник миллӣ барои дастгирии бозоргирӣ ва таъмини эҳтиёҷоти молиявии худ вобаста мешаванд.

Қобили зикр аст, ки айни замон низоми бонкии Тоҷикистон аз 16 бонк, 1 ташкилоти ғайрибонкии молиявӣ, 37 ташкилоти хурди амонатгузорӣ, 42 муассисаи хурди қарздиҳӣ ва 39 фондҳои хурди қарзӣ иборат аст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.