Анонс
– Маросими тақдими ҷоизаи Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ «Ҳомии ҳуқуқи беҳтарини сол» ва ҳамчунин мукофот аз рӯи ду номинатсияи дигар дар маҷмааи меҳмонхонаи «Гулистон-Тур» (ошёнаи дуюм), кӯчаи Бухоро 78. Оғоз соати 16:00;
– Бахшида ба Рӯзи байнулмилалии ҳуқуқи инсон дар биноҳои маъмурияти бозорҳои Шоҳмансур, Ганҷина (Саховат), ҶДММ Варзоб ТҶ (бозори Водонасос), КВД оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе (бозори Қарияи Боло) барои ҳамаи шаҳрвандон қабулгоҳҳои машварати ҳуқуқии ройгон кушода мешаванд;
– Дар дафтари кишварии Барномаи рушди СММ (кӯча. Айнӣ, 39) маросими имзои Созишнома миёни Барномаи рушди СММ ва ҳукумати Финалндия оид ба амалисозии Лоиҳаи «Таҳкими волияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои тавсеъаи имконоти одамон дар Тоҷикистон» ва созишнома миёни Барномаи рушди СММ ва SDC дар бораи амалисозии марҳилаи асосии Лоиҳаи «Дастрасӣ ба Адолати судӣ дар Тоҷикистон» баргузор мешавад. Оғоз соати 10:00;
– Рӯзҳои 10-12-уми декабр дар Душанбе дар бораи гузориш ва азнавсозии Нақшаи миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ дар толори конфронси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе барои мутахассисон семинари миллӣ ва тренинг доир мегардад.
Қурби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА
– 4.7737
сомонӣ;
1
евро
– 6.46
51
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1479
сомонӣ.
Як рӯзи таърих
Рӯзи байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон
1948
– Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон қабул шуд.
2002
– Бори нахуст дар Тоҷикистон музокираи ҷамъиятии парлумонӣ баргузор шуд.
2003
– Мурофиаи додгоҳии раиси ширкати «Ҷамол ва Ко» Ҷамшед Сиёев, муовини ӯ Зафар Камолов ва сармуҳосиби ширкат Вячеслав Тсой оғоз гардид.
1928-1989
– Зодрӯзи доктори улуми кишоварзӣ Худоёр Юсуфбеков.
1929
– Мавлуди овозхон, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов.
1934-1998
– Зодрӯзи доктори улуми филологӣ, профессор Баҳром Шермуҳаммедов.
1935
– Мавлуди академик Хуршед Каримов.
1936
– Зодрӯзи олим Ҳалимҷон Саидов.
1936-2008
– Мавлуди журналист, Корманди шоистаи матбуоти Тоҷикистон Бобо Расулзода.
1939
– Зодрӯзи рӯзноманигор Мавлодод Муллоев.
1948
– Мавлуди нависанда Зиё Абдулло.
1948
– Зодрӯзи собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов.
1958
– Мавлуди рассом Хайрулло Давлатов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои
тағйирёбанда,
аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -4+1, рӯзона +3+8; дар шарқи вилоят шабона -14-19, рӯзона -3+2.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16.
Дар шаҳри Кӯлоб
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +6+8.





