Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Маросими тақдими ҷоизаи Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ «Ҳомии ҳуқуқи беҳтарини сол» ва ҳамчунин мукофот аз рӯи ду номинатсияи дигар дар маҷмааи меҳмонхонаи «Гулистон-Тур» (ошёнаи дуюм), кӯчаи Бухоро 78. Оғоз соати 16:00; – Бахшида ба Рӯзи байнулмилалии ҳуқуқи инсон  дар биноҳои маъмурияти бозорҳои Шоҳмансур, Ганҷина (Саховат), ҶДММ Варзоб ТҶ (бозори Водонасос), […]

ASIA-Plus



Анонс

– Маросими тақдими ҷоизаи Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ «Ҳомии ҳуқуқи беҳтарини сол» ва ҳамчунин мукофот аз рӯи ду номинатсияи дигар дар маҷмааи меҳмонхонаи «Гулистон-Тур» (ошёнаи дуюм), кӯчаи Бухоро 78. Оғоз соати 16:00;

– Бахшида ба Рӯзи байнулмилалии ҳуқуқи инсон  дар биноҳои маъмурияти бозорҳои Шоҳмансур, Ганҷина (Саховат), ҶДММ Варзоб ТҶ (бозори Водонасос), КВД оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе (бозори Қарияи Боло) барои ҳамаи шаҳрвандон қабулгоҳҳои машварати ҳуқуқии ройгон кушода мешаванд;

– Дар дафтари кишварии Барномаи рушди СММ (кӯча. Айнӣ, 39) маросими имзои Созишнома миёни Барномаи рушди СММ ва ҳукумати Финалндия оид ба амалисозии Лоиҳаи «Таҳкими волияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои тавсеъаи имконоти одамон дар Тоҷикистон» ва созишнома миёни Барномаи рушди СММ ва SDC дар бораи амалисозии марҳилаи асосии Лоиҳаи «Дастрасӣ ба Адолати судӣ дар Тоҷикистон» баргузор мешавад. Оғоз соати 10:00;

– Рӯзҳои 10-12-уми декабр дар Душанбе дар бораи гузориш ва азнавсозии Нақшаи миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ дар толори конфронси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе барои мутахассисон семинари миллӣ ва тренинг доир мегардад.



Қурби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7737

сомонӣ;


1

евро

– 6.46


51



сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1479

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих

Рӯзи байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон


1948

– Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон қабул шуд.


2002

– Бори нахуст дар Тоҷикистон музокираи ҷамъиятии парлумонӣ баргузор шуд.


2003

– Мурофиаи додгоҳии раиси ширкати «Ҷамол ва Ко» Ҷамшед Сиёев, муовини ӯ Зафар Камолов ва сармуҳосиби ширкат Вячеслав Тсой оғоз гардид.


1928-1989

– Зодрӯзи доктори улуми кишоварзӣ Худоёр Юсуфбеков.


1929

– Мавлуди овозхон, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов.


1934-1998

– Зодрӯзи доктори улуми филологӣ, профессор Баҳром Шермуҳаммедов.


1935

– Мавлуди академик Хуршед Каримов.


1936

– Зодрӯзи олим Ҳалимҷон Саидов.


1936-2008

– Мавлуди журналист, Корманди шоистаи матбуоти Тоҷикистон Бобо Расулзода.


1939

– Зодрӯзи рӯзноманигор Мавлодод Муллоев.


1948

– Мавлуди нависанда Зиё Абдулло.


1948

– Зодрӯзи собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов.


1958

– Мавлуди рассом Хайрулло Давлатов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


аксаран бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -4+1, рӯзона +3+8;  дар шарқи вилоят шабона -14-19, рӯзона -3+2.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +6+8.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.