Консерти нахустини Далер Назаров дар ИМА

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрко консерти нахустини овозҳони маъруф ва оҳангсози шинохтаи тоҷик Далер Назаров баргузор мешавад. Дар саҳифаи Ассотсиатсияи фарҳангии Тоҷикистону Амрико (ТАСА) дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар ин робита зикр мегардад, ки консерт 1-уми марти соли 2014 доир мегардад. Дар бораи ҷузъиёти дигари ин чорабинӣ маълумот дода намешавад. Ин ташкилот худро созмони ғайритиҷоратӣ, ғайриҳукуматӣ, […]

ASIA-Plus


Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрко консерти нахустини овозҳони маъруф ва оҳангсози шинохтаи тоҷик Далер Назаров баргузор мешавад.

Дар саҳифаи Ассотсиатсияи фарҳангии Тоҷикистону Амрико (ТАСА) дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар ин робита зикр мегардад, ки консерт 1-уми марти соли 2014 доир мегардад. Дар бораи ҷузъиёти дигари ин чорабинӣ маълумот дода намешавад.

Ин ташкилот худро созмони ғайритиҷоратӣ, ғайриҳукуматӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ унвон мекунад, ки ба рушди ҳамкорӣ ва ҳамгиройӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва густариши робитаҳои фарҳангӣ бо ҷамоатҳои дигари ИМА мусодиат мекунад.

Далер Назаров 8-уми сентябри соли 1959 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омада, яке аз асосгузорони мусиқии муосири тоҷик ба шумор меравад. Ӯ ба истифодаи анъанаҳои фолклорӣ ва асбобҳои мардумӣ дар мусиқии эстрада асос гузошт. Гурӯҳи Далер Назаров дар озмуни ҷашнвораҳое аз қабили «Юрмала-89», «Иссиқ-Кӯл – 90», «Бухоро-90», «Садои Осиё-91» комёбиҳои назаррасу ҷоизаҳо ба даст овардааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.