Ойниҳол Бобоназарова беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсон дар соли 2013

Тибқи назари Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», ҳуқуқшиноси маъруфи кишвар, директори ТҶ «Перспектива +» Ойниҳол Бобоназарова беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсон дар соли 2013 эътироф гардид. «Ин унвон маро ба масъулияти бештар доштан дар кори пешбурди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон водор мекунад», – гуфт зимни гирифтани ҷоиза Ойниҳол Бобоназарова. Дар номинатсияҳои «Барои саҳми […]

ASIA-Plus


Тибқи назари Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», ҳуқуқшиноси маъруфи кишвар, директори ТҶ «Перспектива +» Ойниҳол Бобоназарова беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсон дар соли 2013 эътироф гардид.

«Ин унвон маро ба масъулияти бештар доштан дар кори пешбурди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон водор мекунад», – гуфт зимни гирифтани ҷоиза Ойниҳол Бобоназарова.

Дар номинатсияҳои «Барои саҳми арзанда дар пешбурди риояи ҳуқуқи инсон» Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир ва «Барои мавқеъи фаъоли шаҳрвандӣ дар журналистика» рӯзноманигор Анора Саркорова ба ҷоизаҳо сазовор дониста шуданд.

Адвокати Дафтари ҳуқуқи инсон Гулчеҳра Холматова барои дастболо шудан дар парвандаҳо алайҳи ВКД ҶТ оид ба пардохти ҷубронпулӣ ба ҷабрдидагон аз шиканҷа бо ҷоизаи махсус қадрдонӣ шуд.

«Ҳадафи аслии тақдими ҷоизаҳо ҳавасмандсозӣ ва эътирофи фаъолияти ташкилот ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон буда, мутмаинем, ки имсол ҳам он насиби беҳтаринҳо шуд», – гуфт намояндаи Дафтар Таҳмина Ҷӯраева.

Қобили зикр аст, ки ҷоизаи «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол» соли 2009 таъсис дода шуда, то ин замон собиқ сардори шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Юсуф Салимов, ҳомии ҳуқуқ Татяна Хатюхина, ҳуқуқшиноси Маркази ҳуқуқи инсон ва адвокат Шӯҳрат Қудратов ва ҳамчунин соли гузашта директори Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов ба ин ҷоиза сарфароз гардонида шудаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.