Дасткашии ТВ аз Бобои Барфӣ ва Барфак дар барномаҳои солинавӣ

Дар шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон аз персонажҳои афсонавии Бобои Барфӣ ва Барфак ва ҳамчунин ороиши Арчаи солинавӣ ба ин муносибат дар барномаҳои идонаи солинавӣ даст мекашанд. Муовини аввали раиси Кумитаи телевизиону радио Саидалӣ Сиддиқов ин маълумотро тасдиқ намуда, дар ин робита изҳор дошт, ки наворбардории барномаҳои солинавӣ аллакай оғоз гардида, вале дар он ба арчаву […]

ASIA-Plus


Дар шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон аз персонажҳои афсонавии Бобои Барфӣ ва Барфак ва ҳамчунин ороиши Арчаи солинавӣ ба ин муносибат дар барномаҳои идонаи солинавӣ даст мекашанд.

Муовини аввали раиси Кумитаи телевизиону радио Саидалӣ Сиддиқов ин маълумотро тасдиқ намуда, дар ин робита изҳор дошт, ки наворбардории барномаҳои солинавӣ аллакай оғоз гардида, вале дар он ба арчаву зебу орои он ва Бобои Барфиву Барфак, ки «ҳарчанд ин ҳеҷ бадие надошта бошад ҳам», таваҷҷуҳи зиёд зоҳир нахоҳад шуд, зеро ин расму русум ва қаҳрамонҳои афсонавӣ ба анъанаҳо миллии тоҷикон созгор нестанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар барномаҳои солинавӣ тасвирҳои зебову марғуби зимистон, барф, пешвози Соли нав, мусиқиву суруд, дархостҳои солинавӣ ва оростани мизи солинавӣ бидуни машрубот намоиш дода хоҳад шуд. «Дар ин бора «аз боло» ҳеҷ фармоише нашуда, раҳабрияти шабакаҳои телевизионӣ ба чунин хулоса омаданд ва кумита онро маъқул шуморид», – иброз дошт ӯ.

Оростани арча қабл аз фарорасии Соли нави масеҳӣ ба як қисмате аз мардуми тоҷик расм шудааст, вале ахиран дар остонаи Соли нави масеҳӣ роҷеъ ба бегона будани ин ҷашн барои ҷомеаи Тоҷикистон сарусадоҳо баланд мешаванд.

Соли гузашта муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз шаҳрвандони кишвар длаъват ба амал овард, ки аз хароҷоти зиёдатӣ дар ин ид худдорӣ намуда, ба ниёзмандону оилаҳои камбизоат кумак расонанд.

Бо вуҷуди ин, фарорасии Соли нав дар Тоҷикистон расман рӯзи ид шуморида мешавад. Ҳамасола сарвари давлат тариқи телевизион мардумро бо ин ҷашн табрик мекунад. Имсол дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт арчаи солинавӣ гузошта мешавад, ки баландиаш 22 метрро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.