Озмуни байнулмилалии шаҳрдории пойтахт оид ба сохтмони сардхона


Мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба сохтмони сардхонаи замонавӣ дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои коммуналии шаҳри  Душанбе озмуни байнулмилалӣ эълон кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар озмуни дастрас, васл ва ба кор андохтани сардхонаи замонавӣ  барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карда метавонанд.

«Интизорӣ меравад, ки дар масоҳати ҳар кадоме 1 ҳазору 152 метри мураббаъ дар Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе ва Маркази савдои муосир, воқеъ дар кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе ду сардхонаи замонавӣ бо иқтидории нигаҳдории 2 ҳазор тонна маҳсулот сохта мешаванд. Дар қаламрави бозори «Шоҳмансур» дар масоҳати 576 метри мураббаъ ва иқтидори нигаҳдории 1 ҳазор тонна маҳсулот низ сардхонаи замонавӣ бунёд мешавад», – гуфта мешавад дар хабари мақомоти шаҳрдорӣ.

Ба иттилои манбаъ, бо қарори раиси шаҳри Душанбе ҳайати комиссияи озмун ва шартҳои озмуни байнулмилалӣ низ тасдиқ шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное