Чин роҳҳо дар Кӯлобу Қӯрғонтеппаро таъмиру азнавсозӣ карданист

Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ вохӯрии муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматҷон Бӯриев бо Гуруҳи кории Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии сардори Шуъбаи Департаменти кӯмаки берунаи вазорати мазкур ҷаноби Шэн Тутсзян оид ба таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрии Қӯрғонтеппа- Кӯлоб баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ вохӯрии муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматҷон Бӯриев бо Гуруҳи кории Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии сардори Шуъбаи Департаменти кӯмаки берунаи вазорати мазкур ҷаноби Шэн Тутсзян оид ба таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрии Қӯрғонтеппа- Кӯлоб баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар оғози дидор Н.Бӯриев аз ҳамкориҳои густурда ва мутақобилан судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд.

«Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ҳадафи асосии ташрифи ҳайати мазкур ба Тоҷикистон доир намудани мулоқот бо намояндагони вазорату идораҳои марбута, вобаста ба татбиқи лоиҳа оид ба таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрии Қӯрғонтеппа – Кӯлоб аст», – омаддаст дар хабари вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки намояндагони ҳайати мазкур дар ҷараёни сафарашон, ҳамчунин аз маҳалли татбиқи лоиҳа дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб боздид хоҳанд намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.