Лоиҳаи нави БҶ дар бахши кишоварзии Тоҷикистон


Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) вохӯрии раиси Палата Шариф Саид бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба тиҷорат дар бахши кишоварзӣ Гарри Христинсен ва Ҷеки Бордман баргузор шуд.

Тавре аз ПСС ҶТ хабар доданд, ҳадаф аз мулоқот баррасии масоили лоиҳаи нави БҶ оид ба дастгирии бахши кишоварзӣ, аз ҷумла тиҷорати маҳсулоти ин бахш, кор бо бахши хусусӣ (хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ), таҳкими робитаҳои бахши хусусӣ ва давлатӣ, роҳандозии ҳамкориҳои пурсамар бо ҳукумат, фаъолияти муштарак бо Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон дар самти тағйири тарзи таълим дар ин бахш мебошад.

Шариф Саид рӯзмарра будани роҳандозии лоиҳаро қайд карда, дар бораи нақши ПСС ҶТ дар кор бо бахши хусусӣ, дастгирии хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва иттиҳодияҳи кишоварзӣ дар дарёфти шарикон, пешбурди муаррифии маҳслуоти онҳо тариқи иштирок дар наомишгоҳу ярапрка ва ҳамоишҳои тиҷоратӣ, ба роҳ мондани давраҳои омӯзишӣ барои намояндагони ин бахш маълумот дод.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили дастрасии фермерон ба захираҳои молиявӣ, таъминоти онҳо бо тухмии хушсифату нурҳои минералӣ ва техникаи кишоварзӣ, нақшаи таъсиси портали электронӣ оид ба савдои маҳсулоти кишоварзӣ дар заминаи ПСС низ баррасӣ шуданд.

Раиси ПСС ҶТ дар бораи имкони ҳарчи бештар наздик кардани истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба истеъмолгарон тавассути роҳандозии низоми «саҳро – фурӯшгоҳ» ибрози андеша намуд, ки ба таври назаррас хароҷоти фурӯши маҳсулотро коҳиш дода, ҳамчунин таъсири сохторҳои миёнарав ба нархи онро аз байн мебарад.

Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби ПСС ҶТ пешниҳод шуд, ки бо намояндагони иттиҳодияҳои бахши кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва содиркунандагони он вохӯрӣ ташкил карда шавад. Намояндагони БҶ ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, зикр карданд, ки он ба таҳияи лоиҳа кумак мерасонад.

spot_imgspot_img

Популярное