Лоиҳаи нави БҶ дар бахши кишоварзии Тоҷикистон

Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) вохӯрии раиси Палата Шариф Саид бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба тиҷорат дар бахши кишоварзӣ Гарри Христинсен ва Ҷеки Бордман баргузор шуд. Тавре аз ПСС ҶТ хабар доданд, ҳадаф аз мулоқот баррасии масоили лоиҳаи нави БҶ оид ба дастгирии бахши кишоварзӣ, аз ҷумла тиҷорати маҳсулоти […]

Аваз Юлдошев


Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) вохӯрии раиси Палата Шариф Саид бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба тиҷорат дар бахши кишоварзӣ Гарри Христинсен ва Ҷеки Бордман баргузор шуд.

Тавре аз ПСС ҶТ хабар доданд, ҳадаф аз мулоқот баррасии масоили лоиҳаи нави БҶ оид ба дастгирии бахши кишоварзӣ, аз ҷумла тиҷорати маҳсулоти ин бахш, кор бо бахши хусусӣ (хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ), таҳкими робитаҳои бахши хусусӣ ва давлатӣ, роҳандозии ҳамкориҳои пурсамар бо ҳукумат, фаъолияти муштарак бо Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон дар самти тағйири тарзи таълим дар ин бахш мебошад.

Шариф Саид рӯзмарра будани роҳандозии лоиҳаро қайд карда, дар бораи нақши ПСС ҶТ дар кор бо бахши хусусӣ, дастгирии хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва иттиҳодияҳи кишоварзӣ дар дарёфти шарикон, пешбурди муаррифии маҳслуоти онҳо тариқи иштирок дар наомишгоҳу ярапрка ва ҳамоишҳои тиҷоратӣ, ба роҳ мондани давраҳои омӯзишӣ барои намояндагони ин бахш маълумот дод.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили дастрасии фермерон ба захираҳои молиявӣ, таъминоти онҳо бо тухмии хушсифату нурҳои минералӣ ва техникаи кишоварзӣ, нақшаи таъсиси портали электронӣ оид ба савдои маҳсулоти кишоварзӣ дар заминаи ПСС низ баррасӣ шуданд.

Раиси ПСС ҶТ дар бораи имкони ҳарчи бештар наздик кардани истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба истеъмолгарон тавассути роҳандозии низоми «саҳро – фурӯшгоҳ» ибрози андеша намуд, ки ба таври назаррас хароҷоти фурӯши маҳсулотро коҳиш дода, ҳамчунин таъсири сохторҳои миёнарав ба нархи онро аз байн мебарад.

Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби ПСС ҶТ пешниҳод шуд, ки бо намояндагони иттиҳодияҳои бахши кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва содиркунандагони он вохӯрӣ ташкил карда шавад. Намояндагони БҶ ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, зикр карданд, ки он ба таҳияи лоиҳа кумак мерасонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.