Мусодираи миқдори ниҳоят зиёди героин дар Варзоб

Зимни гузаронидани чораҳои махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Варзоб, миқдори ниҳоят зиёди маводи нашъаовари сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, чанде қабл кормандони шуъба автомашинаи тамғаи «Тойота-Королла» таҳти идораи сокини 26-солаи шаҳри Душанбе Талаб Сатторов боздошт намуда, ҳангоми кофтуков аз дохили он […]

ASIA-Plus


Зимни гузаронидани чораҳои махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Варзоб, миқдори ниҳоят зиёди маводи нашъаовари сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, чанде қабл кормандони шуъба автомашинаи тамғаи «Тойота-Королла» таҳти идораи сокини 26-солаи шаҳри Душанбе Талаб Сатторов боздошт намуда, ҳангоми кофтуков аз дохили он 27,6 кило маводи мухаддири героинро дарёфт ва мусодира кардаанд.

«Дар рафти тафтишот маълум карда шуд, ки маводи мазкур ба шаҳрванд Латифов Муҳиддин, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ тааллуқ дорад», – гуфта мешавад дар маълумоти ВКД ҶТ.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.