Роҳбари Хадамоти муҳоҷират дар ВКД мансаб гирифт

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Сафиалло Девонаев аз вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ озод шуда, ба мансаби сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон таъин карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД ҶТ хабар дод, ӯ дар ин мансаб генерал-майор Ҷӯрахон Зоировро иваз намуд, ки дар навбати худ сардори Академияи […]

Аваз Юлдошев


Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Сафиалло Девонаев аз вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ озод шуда, ба мансаби сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон таъин карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД ҶТ хабар дод, ӯ дар ин мансаб генерал-майор Ҷӯрахон Зоировро иваз намуд, ки дар навбати худ сардори Академияи ВКД ҶТ таъин гардид. Собиқ роҳбари Академияи ВКД ҶТ генерал майор Абдулҳаким Розиқзода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мансаб сабукдӯш шудааст.

Бо фармони вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, подполковники милиса, корманди собиқи дастгоҳи вазорат Ҷалолиддин Садриддинов сардори нави маркази матбуоти ВКД ҶТ таъин карда шуд. Собиқ сардори марказ подполковники милиса Маҳмадулло Асадуллоев ба хизмат дар хадамоти Раёсати амнияти дохилӣ гузаронида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.