Игор Сатторов хабари таркиш дар «ТАЛКО»-ро рад кард


Маъмурияти КВД « Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) маълумоти як қатор васоити хабори умуми хориҷӣ дар бораи «таркиш дар яке аз коргоҳҳои корхона ва сар задани сӯхтор баъди он»-ро, ки гӯё аввали ҳамин моҳ рух додааст, рад мекунад.

Роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии «ТАЛКО» Игор Сатторов ин маълумотро қотеъона рад намуда, ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки «ин маълумот ҳеҷ асоси воқеӣ надорад».

Ба гуфтаи ӯ, тайи ҳафтаи ахир нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода қариб ҳамарӯза аз корхона боздид мекард.

Қобили зикр аст, ки рӯзи сешанбе дар чанде аз расонаҳои хабарии интернетӣ дар бораи ҳодисаи

таркиш дар коргоҳи электролизии «ТАЛКО»

макълумотҳо интишор шуданд. Дар ин хабарҳо зикр мегардид, ки аз таркиш 17 нафар коргарони корхона осеб дида, дар бемористон бистарӣ шудаанд ва сабаби он сифати пасти ашёи хоми аз Озарбойҷон воридшуда будааст.

Ба иттилои ин сарчашмаҳои хабарӣ, зарари расида аз сӯхторро коршиносон беш аз 250 ҳазор доллари ИМА арзёбӣ намуда, зикр кардаанд, ки корхона барои пешниҳоди даъво нисбати шариконаш аз Озарбойҷон омодагӣ мегирад.

Дар ҳамин ҳол, нимаи дуюми рӯзи 16-уми декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Муовини якум Давлаталӣ Саидов ва муовини Сарвазир Азим Иброҳим, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул

машварати корӣ

доир намуда, дар он масъалаҳои вобаста ба фаъолияти истеҳсолии ширкати алюминийи тоҷик (ТАЛКО) ва таъмини мардум бо нерӯи барқу гармӣ дар фасли зимистон баррасӣ шуд. 

spot_imgspot_img

Популярное