Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ аз 2 млрд. $ зиёд шуд

Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон ба санаи 1-уми декабри соли равон беш аз 10,1 млрд. сомонӣ (2,1 млрд. $)-ро ташкил дод, ки ба 100%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст. Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар зарфи 10 моҳ ҳаҷми воридоти маблағҳо ба буҷет аз пардохти андоз ҳудуди 7 млрд. сомониро ташкил додаанд, ки нисбат ба […]

ASIA-Plus


Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон ба санаи 1-уми декабри соли равон беш аз 10,1 млрд. сомонӣ (2,1 млрд. $)-ро ташкил дод, ки ба 100%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар зарфи 10 моҳ ҳаҷми воридоти маблағҳо ба буҷет аз пардохти андоз ҳудуди 7 млрд. сомониро ташкил додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1 млрд. сомонӣ зиёдтар аст ва воридоти маблағ ба буҷет аз ҳисоби андоз қариб ба 75%-и ҳаҷми умумии он баробар аст.

Ҳаҷми воридоти маблағҳои ғайриандозӣ дар ин давра 633 млн. сомониро ташкил додаанд, ки тақрибан ба 7%-и ҳаҷми умумии буҷет баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатии Тоҷикистон ба санаи 1-уми ноябри соли равон беш аз 8,6 млрд. сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 1,8 млрд. сомонӣ афзудаанд. Хароҷоти аз ҳама бештар дар ин давра ба суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (20% аз ҳаҷи умумии хароҷот) ва соҳаи маориф (18,3%) мансуб аст.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013 дар ҳаҷми каме бештар аз 12 млрд. сомонӣ ва қисмати хароҷоти он ба маблағи зиёда аз 12,2 млрд. сомонӣ тасдиқ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.