Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс

– Ассотсиатсияи миллии менеҷерон маросими муаррифии натиҷаҳои лоиҳаи «Такмили низоми идораи ВАО дар заминаи нашрияҳои ба бозор нигаронидашуда»-ро, ки бо дастгирии ИМА амалӣ шуд, баргузор мекунад. Оғоз соати 09:00 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, ошёнаи 2-юм.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7732

сомонӣ;


1

евро

– 6.4693

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.147


7



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих

Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ


1994

– Дар Ҷамъияти саҳҳомии «Бодом» (Конибодом, вилояти Суғд) нахустин велосипеди истеҳсоли Тоҷикистон истеҳсол шуд.


2001

– Ифтитоҳи сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон.


2002

– Вазорати адлияи ҶТ ба Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирӣ шаҳодатнома дод.


1915-2000

– Зодрӯзи арбоби давлатӣ Назаршо Додхудоев. Солҳои гуногун ӯ ба ҳайси раиси Президиуми Шӯрои Олӣ, раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.


1915

– Мавлуди олими соҳаи байторӣ, арбоби давлатӣ, академики АУ ҶТ, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон Ғулом Алиев.


1924

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, Арбоби шоистаи Тоҷикистон, муассис ва нахустин директори Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак, профессор Саъдинисо Ҳакимова.


1925

– Мавлуди олими соҳаи тиб, муассис ва нахустин директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Академияи улуми ҶТ, академик Ҳамид Мансуров.


1931-2011

– Зодрӯзи академик Ҳайдар Чумонқулов.


1933

– Мавлуди нависанда, муаллифи китобҳои «Каменный мост», «Под синим небом», «Эхо» Бобо Насриддинов.


1939

– Зодрӯзи собиқадори бахши маориф, корманди илмии Пажуҳишгоҳи педагогикаи ҶТ Азиз Ҳафизов.


1945

– Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ.


1946

– Зодрӯзи муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони ҶТ Амиршо Миралиев.


1948

– Мавлуди ихтироъкор Абдуқаҳҳор Раҳимов.


1958

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатов.


1961

– Мавлуди микрохирург Убайдулло Қурбонов.


1965

– Зодрӯзи журналист Зоиршо Шарифзода.


1967

– Мавлуди иқтисодчӣ Саймуддин Ризоев.


1967

– Зодрӯзи ҳунарпеша-басаҳнагузоранда Ҷобиршо Хубоншоев.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳо туман. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона 0+5.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +1+6, дар доманакӯҳҳо шабона -13-18, рӯзона 0-5.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона -2+3.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -6-11, рӯзона +1+6;  дар шарқи вилоят шабона -19-24, рӯзона -3-8.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +4+6.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +3+5.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +6+8.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +6+8.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +4+6.

spot_imgspot_img

Популярное