Ифтитоҳи Маркази миллии тестӣ дар пойтахт


Имрӯз дар қисмати шимолии хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯйи Боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» (ММТ) ифтитоҳ ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин бинои сеошёна, ки аз ду қисмат иборат аст, бо харҷи беш аз 8 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ бунёд ёфта, бо навтарин техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

«Ҳадафи асосӣ аз таъсиси Маркази миллии тестӣ бо идораи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавияш холисона, одилона ва ба таври шаффоф ба роҳ мондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аст, – омадааст дар хабар. – Барои расидан ба ин ҳадаф ва иҷрои босифати вазифаҳои дар назди ин муассиса гузошташуда бинои марказӣ ва бахшҳои минтақавии он бо навтарин техникаю таҷҳизот муҳаҳҳаз карда шудаанд».

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади таъмини бехатарӣ вобаста ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридшавӣ ба бинои ММТ тариқи корти пластикӣ ба роҳ монда шуда, дар тамоми ҳуҷраҳо ва роҳравҳои асосӣ 74 камера насб карда шудааст, ки тавассути онҳо тамоми раванди фаъолияти ММТ таҳти назорат қарор дода мешавад.

Гуфта мешавад, ММТ ҳамчунин соҳиби 2 мошини махсуси хизматӣ аст, ки барои ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар минтақаҳо ва бурдану овардани маводи имтиҳонӣ пешбинӣ шудаанд. Сохтори ММТ аз раёсат, 11 шуъба, 1 бахш ва 4 шуъбаи минтақавӣ (дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ) иборат аст.

Аз соли 2014 сар карда, имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мутамарказ дар шуъбаҳои минтақавии ММТ тестӣ бо истифода аз навтарин техникаю таҷҳизот ва бе дахолати шахсони манфиатдор ба роҳ монда мешавад. Низоми нави имтиҳонсупорӣ тавре таҳия гардидааст, ки тамоми имконоти дахолати беруна ва тақаллуб аз миён бардошта шудааст. Ҷараёни имтиҳонсупорӣ, санҷиши натиҷаҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ аз ҷониби барномаҳои компютерӣ бе дахолати инсон анҷом дода мешавад. Шахсони масъули назораткунанда низ ба ягон довталаб кумак расонда наметавонанд, зеро дар варақаҳои имтиҳонӣ ному насаб ва ё ягон маълумоти дигар дар бораи довталаб навишта намешавад. Ба ҷойи ному насаб танҳо штрихкод навишта мешавад ва ба кӣ тааллуқ доштани варақаи имтиҳонӣ танҳо пас аз баҳогузорӣ ошкор карда мешавад.

Тибқи қоидаҳои низоми нав ҳар як товталаб ҳангоми аз қайд гузаштан метавонад 10 ихтисоси ба ҳам наздик ё 10 ихтисоси соҳаҳои ба ҳам наздикро дар муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбӣ интихоб кунад. Пас аз маълум шудани натиҷаҳои имтиҳон довталаб агар холҳои кофӣ гирифта бошад, мувофиқи шумораи холҳояш ба яке аз мактабҳои олӣ ва ихтисосҳои интихобкардааш қабул карда мешавад. Тавре иттилоъ доданд, зиёда аз 400 ихтисоси мавҷуда ба 5 гурӯҳ тақсим шудаанд ва 10 ихтисосе, ки довталаб итихоб мекунад, бояд аз доираи як гурӯҳи ихтисосҳо бошад.

Маводи имтиҳонӣ, аз ҷумла саволномаҳо дар ММТ таҳия гардида, дар ҳамин ҷо чоп мешаванд ва дар халтаҳо ва сандуқҳои махсуси бо пломбаи истифодаи яккарата баста, бо мошинҳои махсуси муҳофизатшаванда ба марказҳои имтиҳонӣ дастрас мегарданд.

Пас аз ҷамъоварии ҷавобҳои довталабон маводи имтиҳонӣ боз ба ҳамин тартиб баргардонда шуда, дар ММТ мавриди коркард қарор мегиранд.

Ҷавоби натиҷаи имтиҳонҳо ба довталабон тавассути сомонаи интернетии ММТ, марказҳои минтақавии он ва ба суроғаҳои шахсии довталаб тавассути почтаи электронӣ, паёмаки SMS ва дигар воситаҳо расонда мешавад.

Афзалияти дигар ва бисёр муҳими ин низом дар он аст, ки довталабон бо харҷи маблағи зиёд ба пойтахт ё дигар шаҳрҳо нарафта, метавонанд дар марказҳои ба маҳалли зисташон наздик имтиҳон супоранд. Интихоби макони имтиҳонсупорӣ ҳам барои довталабон ихтиёрӣ аст. То кунун дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Рашт ва Бобоҷон Ғафуров 20 маркази бақайдгирии довталабон ва 52 маркази имтиҳонӣ омода карда шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбатҳо ва ҳам ҳангоми суханронӣ, ки дар ҳузури роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сурат гирифт, ба фаъоият шуруъ намудани ММТ ва низоми нави қабули имтиҳоти дохилшавиро “қадами муҳим дар ислоҳоти соҳаи маориф” номида, таъкид дошт, ки “минбаъд бояд тамоми намуди имтиҳонҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба таври электронӣ ва шаффофу одилона ба роҳ монда шавад”.

Ба Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи телевизион ва радио супориш дода шуд, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа корҳои фаҳмондадиҳии низоми нави имтиҳонсупориро барои довталабони оянда васеъ ба роҳ монанд, то ки онҳо бохабар бошанд ва мутаносибан омода шаванд.

Ба Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин дастур дода шуд, ки раванди бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси муаллимонро барои бо низоми нави таълиму тарбия ва қабули имтиҳонҳо кор кардан ба роҳ монад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки низоми нави муосир, ки аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ гирифта шудааст, “ба сифати қабули донишҷӯён ва интихобу тарбияи мутахассисони боистеъдод таъсири мусбӣ мерасонад”.

spot_imgspot_img

Популярное