Манъи вуруди 90 ҳазор тоҷикистониён ба Русия

Ахиран, Хадамоти Федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Федератсияи Россия дар торномаи расмии худ гӯшаеро ифтитоҳ намудааст, ки дар он ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо чидани маълумоти дархостии ин хадамоти торнома дар режими on-line маълум намоянд, ки оё ному насаби эшон дар рӯйхати шахсоне, ки вурудашон ба қаламрави Федератсияи Россия мамнуъ мебошад, мавҷуд аст […]

ASIA-Plus


Ахиран, Хадамоти Федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Федератсияи Россия дар торномаи расмии худ гӯшаеро ифтитоҳ намудааст, ки дар он ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо чидани маълумоти дархостии ин хадамоти торнома дар режими on-line маълум намоянд, ки оё ному насаби эшон дар рӯйхати шахсоне, ки вурудашон ба қаламрави Федератсияи Россия мамнуъ мебошад, мавҷуд аст ё хайр.

Тавре намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, ин хадамоти торнома бо пешниҳоди маълумоти пешакӣ то ҷое шаҳрвандони хориҷиро, ки номашон дар рӯйхати шахсони вурудашон мамнуъ омадааст, дар ҷараён мегузорад, ки аз сафар ба Федератсияи Россия ва сарфу хароҷоти вобаста ба он худдорӣ намоянд.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия бо ирсоли як ёддошт ба Сафорати Тоҷикистон дар Москва иттилоъ додааст, ки дар асоси ин ташаббуси Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандият мустақилан худашон метавонанд мавҷуд будан ва ё набудани мамнуъияти вуруди эшон ба ҳудуди Россияро дар рӯ ба рӯйи ному насаби хеш тафтиш намоянд.

«Бинобар ин, ба маълумоти он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки эҳтимолан дар ин маврид аз хеш дилпур нестанд, мерасонем, ки беҳтараш пеш аз озими сафар ба Федератсияи Россия шудан, дар торномаи расмии Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия, дар қисмати «Информационные сервисы» (Пойгоҳи иттилоотӣ) таҳти нишонии

http://services.fms.gov.ru/infoservice.htm?sid=3000

ному насаби худро барчида, ин маълумотро дақиқ намоянд», – афзуд Муҳаммад Эгамзод.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский зимни суханронӣ дар Думаи давлатӣ изҳор намуд, ки соли ҷорӣ вуруди ҳудуди 90 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия манъ шудааст. «Аз оғози сол вуруди 440 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 90 ҳазор нафар тоҷикистониён ба қаламрави Русия манъ аст», – иброз доштааст ӯ.

Сардори ХФМ Русия пешниҳод кардааст, ки муҳлати манъи вуруди шаҳрвандони хориҷии кишварҳои бидуни раводид ба Русия, ки ба муҳлатҳои будубош тибқи қонун риоя намекунанд, то 10 сол дароз карда шавад.

Ромодановский хотиррасон намудааст, ки чанде қабл Думаи давлатӣ меъёри маҳдуд кардани муҳлати будубош барои шаҳрвандони кишварҳои бидуни раводидро ба муддати 90 рӯз дар ним сол қабул карда, барои риоя накардани муқаррароти муҳлати будубош манъи вуруд ба қаламрави Русия ба муддати 3 сол муқаррар шудааст.

«Ман пешниҳод мекунам, ки барои риоя накардани муҳлати будубош ба муддати беш аз ним сол манъи вуруд 5 сол ва барои беш аз 1 сол манъи вуруд 10 сол муқаррар карда шавад», – гуфтааст Ромодановский.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл зимни ироаи паём ба Маҷлиси Федералӣ президенти Русия Владимир Путин пешниҳод намуд, ки ба афроде, ки муқаррароти қонунгузории муҳоҷирати Русияро риоя намекунанд, вуруд ба қаламрави кишвар ба муддати аз 3 то 10 сол манъ карда шавад.   

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз 18 ноябри соли равон дар мулоқоти сафирон ва роҳбарони хадамоти консулгариҳои Сафоратхонаҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Аксарияти роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Сафорати Тоҷикистон дар ин нишаст аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар мавриди шаҳрвандони хориҷӣ, ки номашон дар рӯйхати шахсони вурудашон ба ҳудуди Федератсияи Россия мамнуъ дар ягон ҷой иттилоъ мавҷуд нест ва аксари ин тоифа шаҳрвандон баъди озими сафар шудан ва сарфу хароҷоти зиёди роҳ, танҳо дар убургоҳҳои сарҳадии Федератсияи Россия огоҳ мешаванд, ки ҳуқуқи вуруд ба ин кишварро надоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.