Вазорати молия барои овардани ҷасади муҳоҷирон ҷудо кардани маблағ аз буҷетро намехоҳад

spot_imgspot_img

Дата:



Кумитаи СММ оид ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки усули амалисозии интиқоли ройгони ҷасади муҳоҷирони фавтидаро тариқи ҳавопаймо мушаххас созанд.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи сардори сарраёсати муҳоҷирати меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Толиб Шарифов, масъалаи таъсиси фонд барои интиқоли ройгони ҷасади муҳоҷирони фавтида дар доираи лоиҳаи қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» пешбинӣ шудааст. Аммо Вазорати молияи ҶТ барои аз ҳисоби буҷет ҷудо кардани маблағ зид баромадааст.

Дар ин маврид Музаффар Ашуров, сардори Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ иброз дошт, ки Вазорати молия то охир ба ин масъала зид баромада наметавонад. Вай афзуд: «Баҳс асосан болои он аст, ки аз кадом сарчашма маблағгузории буҷетӣ сурат мегирад. Баъд аз итмоми корҳои ташкилӣ, дар вазорату идораҳо идомаи кор ба маҳорати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вобаста аст. Агар исбот кунад, ки дар ҳақиқат ҳамин мушкилӣ ҷой дорад, Вазорати молия барои рад баҳона пайдо намекунад. Ман фаъолияти вазоратро зери суол бурданӣ нестам, аммо маҳорати идораи ташаббускор муҳим аст. Ба фикри ман, ин масъала дар Вазорати молия то ба охир дарк карда нашудааст. Агар дуруст фаҳмонида шавад, боварӣ дорам, ки дарк мекунанд ва масъала ҳалли худро меёбад».

Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки то соли 2017 дар асоси Нақшаи амали миллии иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо сарчашмаи молиро дақиқ кунад ва дар хусуси механизмҳои амалисозии интиқоли ройгони ҷасади муҳоҷирон пурра ҳисобот пешниҳод созад.

Дар ин бора Нодира Абдуллоева, намояндаи Маркази ҳуқуқи инсон зимни як мизи гирд дар Душанбе хабар дод. Вай гуфт, ки ҳамасола аз хориҷ ба Тоҷикистон садҳо ҷасади муҳоҷирони меҳнатӣ оварда мешавад, ки интиқол бештар аз ҳисоби маблағҳои хонаводаи худи муҳоҷирон сурат мегирад.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки вақте дар лоиҳаи қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» сарчашмаи молӣ пешбинӣ нашудааст, аз кадом ҳисоб мурдаи муҳоҷир интиқол меёбад?

Дар ин маврид Музаффар Зарифов, сарвари ташкилоти «Муҳоҷират ва рушд» чунин пешниҳод кард, ки хуб мешуд, агар дар баробари фонди давлатӣ, барои бозовардани майитҳо ҳамчунин як фонди ҷамъиятӣ фаъол гардад. Ба қавли ӯ, ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст ва давлати Филиппин 20 сол боз аз ин усул истифода мекунад.

Дар робита ба ин масъала 

раҳбари созмони «Перспектива+» 


Ойниҳол Бобоназарова изҳор дошт, ки зидди таъсиси фонд аз ҳисоби муҳоҷирон аст. Вай гуфт: «Шароити Филиппин дигар аст. Муҳоҷирони Филиппин қаблан бо корфармои хориҷӣ аз Олмон ё кишвари дигар қарордод мебанданд ва корфармо барои харҷи роҳу сафар пешакӣ пул пардохт мекунад. Дар ин сурат ҳамаи муҳоҷирон метавонанд аз ҳисоби пули қаблан гирифта як андоза ба фонд супоранд. Вале муҳоҷири тоҷике, ки барои муҳоҷират аз бонк бо фоиз қарз мегирад, чӣ гуна метавонад боз ба фонд маблағгузорӣ кунад? Мо ҳисобу китоб кардем, ки агар бонкҳои Тоҷикистон як фоиз аз ҳисоби пули интиқолдодаи муҳоҷирон ба фонд маблағ гузоранд, 150 ҳазор доллар мешавад. Баъдан давлат ва шахсони хоҳишманд метавонанд ба фонд маблағ гузоранд».

Аммо ба гуфтаи Толиб Шарифов, маблағи муайяне аз ҷониби ҳукумати ҶТ дар доираи намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст, ки дар маҷмӯъ 22 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва ин нисбат ба шумораи умумии фавтидагон ночиз аст. Вай афзуд, ки якчанд маротиба ба ҳукумати ҶТ пешниҳод кардаанд, то ҳаҷми маблағ зиёдтар пешбинӣ карда шавад, вале то ҳол ин масъала ҳалли худро наёфтааст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...