Супориши раиси Хатлон ҷиҳати кӯмак ба ниёзмандон дар остонаи Соли нав


Раиси вилояти Хатлон ҷиҳати расонидани кӯмаки яквақтаина ба  оилаҳои камбизоат, маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ супориш дод.

Бино ба итилои маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон, имрӯз Давлатшо Гулмаҳмадов ба ташкилоту идораҳои давлатӣ супориш додааст, ки дар арафаи соли нави милодӣ ба оилаҳои камбизоат, маъюбон, иштирокчиёни ҶБВ кӯмаки молии яквақтаина расонида шавад.

Ҳамчунин раиси вилоят супориш додааст, ки ба кӯдакони ин оилаҳо ва дастпарварони мактаб-интернатҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим намоянд.

Дар қисми дигари супориш омадааст, ки ба қисмҳои ҳарбие, ки дар қаламрави вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд, низ кӯмак расонида шавад.

Давлатшо Гулмаҳмадов аз ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорони вилоят хоҳиш намудааст, ки онҳо низ дар ин кори хайр вобаста ба имкониятҳояшон саҳмгузор бошанд.  

spot_imgspot_img

Популярное