Супориши раиси Хатлон ҷиҳати кӯмак ба ниёзмандон дар остонаи Соли нав

Раиси вилояти Хатлон ҷиҳати расонидани кӯмаки яквақтаина ба  оилаҳои камбизоат, маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ супориш дод. Бино ба итилои маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон, имрӯз Давлатшо Гулмаҳмадов ба ташкилоту идораҳои давлатӣ супориш додааст, ки дар арафаи соли нави милодӣ ба оилаҳои камбизоат, маъюбон, иштирокчиёни ҶБВ кӯмаки молии яквақтаина расонида шавад. Ҳамчунин раиси вилоят […]

Сайраҳмон Назриев


Раиси вилояти Хатлон ҷиҳати расонидани кӯмаки яквақтаина ба  оилаҳои камбизоат, маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ супориш дод.

Бино ба итилои маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон, имрӯз Давлатшо Гулмаҳмадов ба ташкилоту идораҳои давлатӣ супориш додааст, ки дар арафаи соли нави милодӣ ба оилаҳои камбизоат, маъюбон, иштирокчиёни ҶБВ кӯмаки молии яквақтаина расонида шавад.

Ҳамчунин раиси вилоят супориш додааст, ки ба кӯдакони ин оилаҳо ва дастпарварони мактаб-интернатҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим намоянд.

Дар қисми дигари супориш омадааст, ки ба қисмҳои ҳарбие, ки дар қаламрави вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд, низ кӯмак расонида шавад.

Давлатшо Гулмаҳмадов аз ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорони вилоят хоҳиш намудааст, ки онҳо низ дар ин кори хайр вобаста ба имкониятҳояшон саҳмгузор бошанд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.