Террористи эҳтимолӣ Маханов қисман гуноҳашро ба гардан гирифт

Алимурод Маханов, маъруф ба «устод Муродуллоҳ» ва яке аз афроди гурӯҳи муташаккили мусаллаҳи террористӣ, ки аз ҷониби ВКД дар давраи интимхоботи президентии кишвар боздошт гардид, дар ҷараёни мурофиа гуфтааст, ки дар ҷинояте, ки муттаҳҳам мешавад, қисман худро гунаҳкор медонад. Умедҷон Бобоҷонов – вакили мудофеъи Алимурод Маханов рӯзи 19 декабр пас аз мурофиа гуфт, «Алимурод Маханов […]

Мавзуна Абдуллоева


Алимурод Маханов, маъруф ба «устод Муродуллоҳ» ва яке аз афроди гурӯҳи муташаккили мусаллаҳи террористӣ, ки аз ҷониби ВКД дар давраи интимхоботи президентии кишвар боздошт гардид, дар ҷараёни мурофиа гуфтааст, ки дар ҷинояте, ки муттаҳҳам мешавад, қисман худро гунаҳкор медонад.

Умедҷон Бобоҷонов – вакили мудофеъи Алимурод Маханов рӯзи 19 декабр пас аз мурофиа гуфт, «Алимурод Маханов тибқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон бо 6 моддаи марбут ба терроризм ва ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорӣ гумонбар дониста мешавад.

Ба гуфтаи Бобоҷонов, имрӯз ҳаракатҳои тафтишоти парвандаи мазкур ба охир расид ва худи Алимурод Маханов пурсида шуд, ӯ қисман худро гунаҳгор донистааст. Аз ифшои ҷузъиёти дигар бинобар сабаби ба сирри давлатӣ вобаста будани он адвокат худдорӣ варзид.

Ба қавли адвокат, Алимурод Маханов дар ҷараёни мурофиа дар мавриди шахсони дар парванда зикргардида, ки гӯё онҳоро ба терроризм даъват намудаааст, иброз доштааст, ки ин дурӯғ буда, ӯ онҳоро барои омӯзиши илми динӣ даъват намудааст.

Аммо шоми 23 уми сентябр Алимурод Маханов, тавассути барномаи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гуфта буд, мехостанд чаҳор дарвозаи Душанбе, бинои Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллиро дар арафаи интихоботи президенти моҳи ноябри соли ҷорӣ битарконанд.

Дар ин барнома худи Маханов гуфта буд, ки аз соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафареро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст. Ӯ гуфта буд:  «Ман бачаҳоро барои омӯзиш ба Вазиристони Покистон равон мекардам, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ мебошанд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.