Дар арафаи соли нави мелодӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва дастури иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шахсони камбизоату танҳо ва шахсони имконияташон маҳдудро аёдат намуда, кумаки моддӣ иборат аз маводи хурока расониданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, раиси шаҳр Раҷаббой Каримов ба хонаводаи 10 нафар чунин шахсон рафта, онҳоро аз номи сарвари давлат ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилдояти Суғд бо соли нав табрик намуд.
«Шахсони аёдатшуда баробари изҳори сипос намудан зикр карданд,ки онҳо ҳамеша кумаку дастгирии доимиро эҳсос менамоянд ва чунин иқдомҳои неку беғаразона ба беҳтар гаштани вазъи иҷтимоии онҳо мусоидат менамояд», – баён мегардад дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки давоми даҳ рӯз аз ҷониби корхонаю муассисаҳо соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз ҳазор нафар қишри эҳтиёҷманди шаҳри Хуҷанд кумаки якдафъинаи моддӣ хоҳанд гирифт.



