Ба «Агроинвестбонк» роҳбари нав таъин шуд


Роҳбари яке аз бонкҳои бузурги ҷумҳурӣ – ҶСК «Агроинвестбонк» иваз шуд. Дар ин мансаб Алишер Солиевро собиқ муовини аввали вазири кишоварзӣ Суюнхон Рустамов иваз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз бонки мазкур хабар доданд, Суюнхон Рустамов дар асоси қарори Шӯрои нозирони бонк, ки онро мушовири давлатии президенти ҷумҳурӣ оид ба сиёсати иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев сарварӣ мекунад, ба ин мансаб таъин гардид.

Ба ҳайати Шӯрои нозирони бонк ҳамчунин муовини аввали вазири молия Ҷамолиддин Нуралиев, роҳбари мудирияти муносибатҳои байнулмилалӣ, ҳисоботи молиявӣ ва таҳлили ҶСК «Агроинвестбонк» Муҳаммадӣ Бобоев, мушовири иқтисодӣ оид ба Осиёи Марказии Вазрати рушди байнулмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон дар назди сафоратхонаи Британияи Кабир дар ҶТ Собир Қурбонов ва муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Илҳомиддин Иброҳимов низ шомил мебошанд.

ҶСК «Агроинвестбонк» соли 1992 таъсис дода шуда, яке аз бонкҳои пешрафтаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Сармояи бонк аз ҷониби шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд ташкил дода шуда, айни замон ҳаҷми сармояи саҳҳомии бонк ба 385 млн. сомонӣ баробар аст.

spot_imgspot_img

Популярное