Нисбати Зайд Саидов имрӯз ҳукм содир мешавад

Соати 13:20-и имрӯз ҷаласаи судии охирин оид ба парвандаи соҳибкор Зайд Саидов баргузор мешавад. Тавр ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов хабар дод, адвокатҳои айбдоршавандаро суд ба ҳузур доштан дар қироати ҳукм даъват кардаааст. Раёсати мурофиаро судя Шавкат Абдулҳақов ба дӯш дорад. Ин ҳамон судяест, ки мурофиаи парвандаи Маъруф Орифов, мудири кулли шабакаҳои супермаркети […]

ASIA-Plus


Соати 13:20-и имрӯз ҷаласаи судии охирин оид ба парвандаи соҳибкор Зайд Саидов баргузор мешавад.

Тавр ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов хабар дод, адвокатҳои айбдоршавандаро суд ба ҳузур доштан дар қироати ҳукм даъват кардаааст.

Раёсати мурофиаро судя Шавкат Абдулҳақов ба дӯш дорад. Ин ҳамон судяест, ки мурофиаи парвандаи Маъруф Орифов, мудири кулли шабакаҳои супермаркети «Орима»-ро раисӣ карда буд. Дар мурофиаи зикршуда айбдоркунанда ба М.Олимов ҳукми 4 соли зиндони низоми умумиро дархост намуда буд, вале Ш.Абдулҳаков мудири кулли шабакаҳои супермаркети «Орима»-ро ба 8,5 соли зиндони низомаш шадид бо мусоидари молу мулк маҳкум кард.

Дар сухани ниҳоии худ Зайд Саидов тамоми айбномаҳои алайҳи ӯ пешниҳодшударо

туҳмат хонд

. Соҳибкори тоҷик Зайд Саидов зимни

суханронии ниҳоияш

, ки 14-уми декабр анҷом ёфт, аз додгоҳ баррасии одилонаи парвандаашро дархост карда, қайд намудааст, ки 28 соли аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ талабшударо чун маҳкум сохтан ба марг қабул кардааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.