Наворбардори «Озодагон»: Маро ба рӯям зарба заданд

Пас аз якуним рӯзи боздошт наворбардори хабаргузории «Озодагон» Абдураҳим Шукуров аз боздоштгоҳ раҳо шуда, суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ӯро дар ҳаҷми 320 сомонӣ ҷаримабандӣ кард. Дар қарори судя Раҷабов аз 25-уми декабр нисбати наворбардор гуфта мешавад, ки Р.Шукуров рӯзи мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов ба як гурӯҳи хешони соҳибкор пайваста, наворбардорӣ кардааст ва ба талаботи […]

ASIA-Plus


Пас аз якуним рӯзи боздошт наворбардори хабаргузории «Озодагон» Абдураҳим Шукуров аз боздоштгоҳ раҳо шуда, суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ӯро дар ҳаҷми 320 сомонӣ ҷаримабандӣ кард.

Дар қарори судя Раҷабов аз 25-уми декабр нисбати наворбардор гуфта мешавад, ки Р.Шукуров рӯзи мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов ба як гурӯҳи хешони соҳибкор пайваста, наворбардорӣ кардааст ва ба талаботи кормандони милиса итоат накардааст.

Бино ба қарори додгоҳ, ин амали наворбардори “Озодагон” оромии шаҳрвандон – Эмомалӣ Раҳимбердиев, Амина Каримова ва чандеи дигарро гӯё халалдор намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мурофиаи “Зайд Саидов” ҷалб намудааст.

«Пас аз пардохти маблағи ҷарима маро раҳо карданд. Ҳангоми боздошт ба рӯям ва аз пуштам ду зарба зада, ба автомашина савор карданд ва сипас талаб карданд, ки агар ҷарима насупорам, маро ба муддати 7 рӯз ҳабс мекунанд», – гуфт тариқи телефон Абдураҳим Шукуров.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба озодии наворбардор ҷомеаи журналистии кишвар тасмим гирифт, ки аз корпартоии сесоата, ки аз соати 08:00 то 11:00-и имрӯз дар назар буд, даст кашад, вале ин қазияро пайгирӣ хоҳад намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.