«Тоҷик Эйр» баъди 16 сол парвозҳо ба Ванҷро барқарор кард

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» баъди таваққуфи 16-сола парвозҳо ба ноҳияи Ванҷи ВМКБ-ро барқарор намуд. Парвозҳо ба ин ноҳия соли 1997 бинобар сабаби вазъи номусоиди фурудгоҳ ва нокофӣ будани шумори мусофирон ба ин хатсайр қатъ гардида буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, айни замон фурудгоҳи Ванҷ аз ҳисоби воситаҳои давлатӣ ба […]

Заррина Эргашева


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» баъди таваққуфи 16-сола парвозҳо ба ноҳияи Ванҷи ВМКБ-ро барқарор намуд. Парвозҳо ба ин ноҳия соли 1997 бинобар сабаби вазъи номусоиди фурудгоҳ ва нокофӣ будани шумори мусофирон ба ин хатсайр қатъ гардида буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, айни замон фурудгоҳи Ванҷ аз ҳисоби воситаҳои давлатӣ ба тартиб оварда шудаааст, ки ба оғози парвозҳо ба ин ноҳия шурӯъ аз соли 2014 имкон медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, парвозҳо дар як ҳафта як маротиба рӯзҳои душанбе тариқи ҳавопаймои нави АН-24 анҷом дода шуда, арзиши билет 70 доллари ИМА муқаррар шудааст ва парвози нахустин рӯзи 6-уми январи соли оянда дар назар аст.

Ноҳияи Ванҷ ба ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шомил буда, 29-уми майи соли 1933 таъсис дода шудааст. Маркази ноҳияи Ванҷ дар 171 километрии шимоли шаҳри Хоруғ воқеъ мебошад.

Қобили зикр аст, ки парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ идома доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.