Ҳалокати зодаи шаҳри Турсунзода дар таркиши Волгоград

Субҳи имрӯз ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли Тоҷикистон дар бораи миёни ҳалокшудагон бар асари таркиш дар шаҳри Волгоград ҳузур доштани шаҳрванди Тоҷикистон, сокини шаҳри Турсунзода Назаров Тошпӯлод Эргашевичи 53-сола маълумот расидааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефон сухангӯи намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, корманди намояндагӣ, […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли Тоҷикистон дар бораи миёни ҳалокшудагон бар асари таркиш дар шаҳри Волгоград ҳузур доштани шаҳрванди Тоҷикистон, сокини шаҳри Турсунзода Назаров Тошпӯлод Эргашевичи 53-сола маълумот расидааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефон сухангӯи намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, корманди намояндагӣ, ки айни замон дар шаҳри Волгоград қарор дорад, шумори шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки бар асари ин амали террористӣ осеб дидаанд, дақиқ мекунад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки бар асари ин амали террористӣ боз як шаҳрванди Тоҷикистон – сокини шаҳри Душанбе Ғозиев Раҳмоналӣ Маликовичи 42-сола

ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ

бардошта, дар шуъбаи эҳёгарии бемористон рақами 25-уми шаҳри Волгоград бистарӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 29-уми декабри соли равон дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Волгоград таркиш ба вуқӯъ пайваста, тибқи маълумоти ахир, 16 нафар ҳалок ва беш аз 30 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.